Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хати интиқоли барқи Ӯзбекистон-Кобул ба кор даромад


18-ӯми май хати интиқоли барқ аз Узбакистон ба Кобул-пойтахти Афғонистон мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт. Ин хатти барқ 442 километрро ташкил медиҳад ва метавонад 150 мегават нируи иловагии барқро ба Кобул интиқол диҳад. Ин миқдор барқ дуруст нисфи нируи барқест, ки Кобул ба он ниёз дорад. Дар сурати такмили эҳдоси ин хати барқ интиқоли барқ ду баробар афзоиш меёбад. Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар наздикии Кобул ба маркази тақсими нируи барқ рафт ва ба дастандаркорони ин тарҳ изҳори сипос кард. Ин тарҳро Ӯзбекистон, Бонки Осиёии Рушд ва ҳукумати Ҳиндустон ба маблағи 250 миллион доллар сармоягузорӣ кардаанд.
XS
SM
MD
LG