Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрико мушакҳои хостаи Лаҳистонро медиҳад


Иёлоти Муттаҳидаи Амрико таъйид кард, ки ҳанӯз ҳам қасд дорад, ба Лаҳистон системи мушакии Патриот бидиҳад. Ян Келлӣ - сухангӯи вазорати умури хориҷаи Амрико гуфт, раиси ҷумҳур Барак Обама ба иҷрои “бандҳои созишномаи амниятии миёни Амрико ва Лаҳистон” тааҳуд додааст, ки ин созишнома соли гузашта имзо шуда буд. Ҳукумати Барак Обама гуфтааст, ки барномаи истиқрори сипари дифоъи мушакии Амрико дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистонро бознигарӣ мекунад. Аммо айни Патрик О Рейлӣ - мудири Оҷонси дифоъи мушакии Амрико рӯзи панҷшанбе ба вакилони конгресс гуфт, маъмурияти феълии Иёлоти Муттаҳида аз ин барнома ҳимоят мекунад.
XS
SM
MD
LG