Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

50 маҳбуси Гуантанамо мунтазири раҳоӣ


Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико рӯзи панҷшанбе гуфт, 48 муттаҳам ба тероризми боздоштгоҳи Гуантанаморо барои интиқол ба кишварҳои дигар раҳо мекунанд. Ҳангоми суханронӣ дар Бойгонии Миллии Амрико Барак Обама он 50 маҳбусро афроде номид, ки ба гуфтаи вай “метавон эмин ба кишварҳои дигар интиқол дод.” Барак Обама афзуд, ки парвандаи ин 50 нафар бознигарӣ шудааст. Як рӯз пеш аз ин суханронии Барак Обама, сенати Амрико иҷоза надод, то барои бастани зиндони Гуантанамо 80 миллион доллар ихтисос дода шавад ва ҳамчунин нагузошт, то ки маҳбусони он боздоштгоҳро ба қаламрави Амрико интиқол бидиҳанд. Аъзои конгресс гуфтанд, ки интиқоли 240 маҳбус ба Амрико бо вуҷуди нигаҳ доштанашон дар зиндонҳо, барои амнияти ин кишвар хатар эҷод хоҳад кард.
XS
SM
MD
LG