Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Горбачёв ҳукумати Русияро танқид кард


Михайил Горбачёв – раиси ҷумҳури пешини Иттиҳоди Шӯравии собиқ, раҳбарони феълии Русияро барои пасрафташон аз дастовардҳои демократии давраи ӯ танқид кард. Ҳангоми суханронӣ дар шаҳри Маскав, Михайил Горбачёв, ҳукумати феълии Русияро ба часпидан ба қудрат ва нафасгир намудани мухолифин муттаҳам намуд. Вай ҳизби ҳукуматгарои Русияи Воҳидро танқид карда, вале раиси ҷумҳур Дмитрий Медведев ва нахуствазир Владимир Путинро ном набурд.
XS
SM
MD
LG