Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Таъсири бӯҳрон дар нимсолаи ахир бештар мешавад"


Ба гуфтаи Вазорати молияи Тоҷикистон, давлат метавонад танҳо дар охири соли ҷорӣ ба таъсири буҳрони молӣ ба иқтисоди ҷумҳурӣ муқобила кунад.

Сафаралӣ Наҷмиддинов, вазири молияи кишвар, дар гуфтугӯи телевизионӣ гуфт, дар семоҳаи саввуму чаҳорум таъсири бӯҳрони молӣ ба Тоҷикистон бештар хоҳад шуд. Вай гуфт, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли оянда ба назар хоҳад расид, вале ин рушд дар қиёс ба соли 2009 хоҳад буд. Ин дар ҳолест, ки дар 4 моҳи ахир буҷаи Тоҷикистон иҷро нашудааст ва оидоти арзҳои хориҷӣ ба Тоҷикистон нисбат ба соли гузашта беш аз се баробар кам шудаанд ва ба далели набудани пул дар буҷа наздик ба 40 дарсади корхонаҳои истеҳсолӣ аз кор мондаанд.

Ба тахмини коршиносони Сандуқи байнулмилалии пул, рушди иқтисоди Тоҷикистон дар соли ҷорӣ ба сифр баробар хоҳад буд.

Ҳамчунин, аз посухҳои вазири молия тавассути телевизион маълум шуд, ки кормандони корхонаи истихроҷи тилло дар ҷумҳурӣ аз ду сол то бад ин сӯ маош нагирифтаанд. Дар вилояти Хатлон дар ҳаҷми 13 миллион сомонӣ маҳсулот тавлид шудааст, вале давлат аз кормандони шаҳру ноҳияи Кӯлоб ба маблағи 100 ҳазор сомонӣ қарздор аст. Кишоварзони вилояти Хатлон барои гирифтани қарз аз бонкҳо барои пахтакорӣ, боғдорӣ ва чорводорӣ ба мушкил рӯбарӯ ҳастанд, дар ҳоле ки вазорати молия имсол беш аз 100 миллион сомониро барои рушди ин бахшҳо дар ихтиёри бонкҳои тиҷоратӣ қарор додааст.

Вазири молия дар гуфтугӯи телевизионӣ гуфт, то ба ҳол давлат барои иҷрои тарҳи фаннии эҳдоси нерӯгоҳи ҳароратӣ дар асоси ангишти «Фон-Яғноб» иқдоме накардааст. Дар ҳоле, ки ин тарҳ аз чанд сол бад ин сӯ дар авлавияти барномаҳои энержии давлат қарор дорад.

Як бахши барномаи зиддибӯҳронии давлат ёрӣ ба корхонаҳои давлатӣ ва бахши хусусӣ аст. Вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон ахиран гуфта буд, дар буҷа ва барномаи зиддибӯҳронӣ барои ин бахш як миллиард сомонӣ ихтисос шудааст. Аммо тоҷирон ва раҳбарони бархе аз корхонаҳо аз вазири молия далели дарёфт накардани ин маблағҳоро суол карданд. Вазири молия далели аслии адами ироаи ин кӯмакҳоро бӯҳрони молии ҷаҳонӣ хонд.
XS
SM
MD
LG