Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Уфти $ дар ҷаҳон ва хези $ дар Тоҷикистон


Набарди доллару евро идома дорад
Набарди доллару евро идома дорад

Қурби доллар дар бозорҳои ҷаҳонӣ башиддат пойин меравад, вале дар Тоҷикистон баръакс - башиддат меафзояд. Чаро?

Қурби доллари амрикоӣ дар муқобили соъир асъори муҳими дунё, аз ҷумла евро, дар ин авохир башиддат коҳиш меёбад. Ва аммо уфти қурби доллар дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки набояд чунин мешуд. Зеро ба гуфтаи мақомоти амрикоӣ, иқтисоди Амрико дар ҳоли ҳозир баъд аз тақрибан якуним соли пасрафт рӯ ба сӯи субот овардааст ва табъан ин мебоист мунҷар ба боло рафтани қурби доллари амрикоӣ мешуд, на ба коҳишаш.

Зимнан коҳиши қурби доллар дар бозорҳои ҷаҳонӣ дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки арзиши доллар дар бозори асъори Тоҷикистон тъайи чанд рӯзи охир башиддат боло рафт.Аммо иллати чунин уфти қурби доллар дар бозорҳо чист? Ва чаро вазъ дар Тоҷикистон фарқ мекунад?

Барои мардуми оддие, ки дороии худро бо доллари амрикоӣ пасандоз мекунанд, уфти ахири қурби доллар дар бозорҳои ҷаҳонӣ ғайриқобилифаҳм аст. Рӯзи чоршанбе қурби доллар дар муқобили евро ва соъир асъори муҳими дунё ба ҳадди дар 5 моҳи охир бесобиқа пойин рафт ва 1 евро акнун дар давру бари 1 доллару 38 сент ба фурӯш меравад.

Шояд ба назари бархе чунин бинамояд, ки уфти қурби доллар баёнгари ҳамчунон дар чанголи мушкилоти афзоянда қарор доштани иқтисоди Амрикост. Аммо аҷиб ин аст, ки коҳиши қурби доллар дар ҳоле мушоҳида мешавад, ки мақомоти аршади Амрико мӯҳтотона, вале ба ҳар сурат, хеле ошкоро дар бораи рӯ ба субот овардани ин бузургтарин иқтисоди дунё сӯҳбат мекунанд. Вазири дороии Амрико Тимотӣ Гейтнер рӯзи чоршанбе, 20 май, изҳор дошт, ки "аломатҳои муҳиме ба даст омада, ки ҳокии оғози табобат ёфтани низоми молии Амрикост".

Аммо пас чаро бо вуҷуди чунин изҳори хушбинӣ қурби доллар ҳамвора пойин меравад? Сармоядороне, ки долларҳои худро ба фурӯш гузоштаанд, магар чизеро медонанд, ки Тимотӣ Гейтнер нагуфтаасту ҳам намегӯяд?

Ҷон Ҳиггинс, таҳлилгари масоили бозорҳо дар маркази Capital Economics дар Лондон, ки аз ҷумла ҷастухези қурби асъор дар бозорҳои байналмилалиро пайгирӣ ва таҳқиқ мекунад, мегӯяд, ин сармоягузороне, ки аз доллар даст мекашанд, бо хушбиниҳои вазири дороии Амрико мувофиқ ҳастанд, вале мехоҳанд сармояҳои худро аз бозори нисбатан амн, вале фоидааш низ дар ҳоли ҳозир камтари Амрико берун кашида, ба бозорҳои хатараш бештар, вале дар айни замон фоидаҳои эҳтимолиаш низ зиёдтар бирезанд. Ба эътиқоди Ҷон Ҳиггинс, омилии аслии пойин рафтани қурби доллар низ ҳамин аст: “Яқинан, бозорҳо аз миёнаҳои моҳи март ба ин сӯ шеваҳои фоидаталабии хеле бештар касб карданд ва ин худ дақиқан ба марҳалаи заъфи доллар рост омад. Ин то андозае, ба назари ман, ба умуман қозгир шудани иштиҳои бозорҳо бастагӣ дорад.”

Коршиносони молӣ мегӯянд, сармоядороне, ки пули худро аз бозори доллар берун мекашанд, умдатан ба бозорҳои бурс ва ба воҳидҳои пулии бозорҳои дар ҳоли рушд ва ҳамин тавр ба доллари Австралияву Зеландияи нав рӯ меоранд.

Аммо чунин фоидаталаб шудани бозорҳои сармоя ҳокии комилан сар омадани пасрафти иқтисоди ҷаҳонист? Таҳлилгарон мегӯянд, ки на, иқтисоди дунё ҳамчунон дар панҷаи мушкилоти сахт бар ҷой мондааст, аммо бисёре аз сармоядорони фоидаталаб дигар намехоҳанд дороиҳои худро ҳамчунон дар панҷаи тарс дар ҳоли мунҷамид нигоҳ доранд, балки ба хотири касби фоидаи хубтар мехоҳанд таваккал кунанд.

Як омили дигари заъфи ахири доллар нигаронии сармоядорон аз афзоиши хароҷоти Вошингтон ба хотири аз панҷаи бӯҳрон берун кашидани иқтисоди Амрикост. Ба бовари сармоядорон, Вошингтон ногузир пули бештареро ба муомилот ворид хоҳад кард, ки метавонад мунҷар ба афзоиши таваррум ва таваррум ба навбаи худ мунҷар ба рӯз ба рӯз пойин рафтани қурби пули амрикоӣ шавад.

Хадамоти иттилооти молии Bloomberg Financial News Service ба ин нукта таъкид мекунад, ки уфти ахири қурби доллар рӯзи душанбеи 18 май, вақте оғоз ёфт, ки Тhe Federal Reserve, бонки марказии Амрико, гуфт, ки мехоҳад 300 миллиард доллар аз қарзҳои давлатии Амрикоро харидорӣ кунад. Бисёре аз сармоядорон аз ин эълон чунин рамуз гирифтанд, ки Вошингтон даст ба чопи пули бештар хоҳад зад. Чопи пул, дар ғайри сурати бо эҳтиёти тамом анҷом шуданаш, ҳамон равғанест, ки оташи таваррумро алангаи бештар хоҳад дод.

Уфти қурби доллар дар бозорҳои байналмилалӣ аммо дар ҳолест, ки дар бозори асъори Тоҷикистон қиммати он баръакс дар ҳоли афзоиши босуръат буда, рӯзи панҷшанбе дар саррофиҳои пойтахти ин кишвар арзиши 1 доллар дар давру бари чоруним сомонӣ ва ҳатто болиғ аз он чарх мезад. Бонки миллии Тоҷикистон низ барои ин рӯз қурби расмии долларро 4 сомониву 33 дирам таъйин кардааст, ки назар ба аввали моҳ тақрибан 10 дарсад болотар аст.

Хези башиддати қурби доллар дар Тоҷикистон ва уфти низ башиддати он дар бозорҳои ҷаҳонӣ ин суолро дар зеҳнҳо бармеангезад, ки пас чӣ бояд кард? Долларҳои худро бояд ба фурӯш зад ва бо умеди беҳбудии иқтисод аз ҳарифони худ пешдастӣ карда, бахти худро бо асъори дигар санҷид? Ваё баръакс бояд доллару доллар ва боз ҳам доллар харид?

Аммо уфтухезҳои қурби доллар дар бозорҳо чунон зиддунақиз ва гоҳо ғайриқобилитафоҳум аст, ки посухи ин суолро дар ин шабурӯз ҳар сармоядор талош дорад худ биҷӯяд.
XS
SM
MD
LG