Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нишасти Аврупо ва Русия дар масоили энержӣ


Раҳбарони Аврупо ва Русия имрӯз дар шаҳри Хабаровски Шарқи Дур барои ширкат дар як нишасти дурӯза, ки баррасии масоили энержиро дар меҳвари худ қарор додааст, ба сар мебаранд. Ин нишаст дар шароите баргузор мегардад, ки аз моҳи январ ба ин сӯ дар равобити миёни ду ҷониб бо сабаби коҳиши интиқоли захираҳои газ аз Русия ба Аврупо танише ба миён омадааст. Ҷанги соли гузаштаи миёни Гурҷистон ва Русия дар хоки Осетияи Ҷанубӣ сабаби дигари эҷоди таниш дар миёни ин ду тараф шудааст. Нишасти имрӯза бо хӯроки шом шурӯъ мешавад. Аз ҷониби Иттиҳодияи Аврупо раиси ҷумҳурии Чех Ватслав Клаус, ки кишвари вай раҳбари давраии Иттиҳодияи Аврупо мебошад ва инчунин раиси Комиссиюни Аврупо Жозе Мануэл Баррозо ва Раиси сиёсати хориҷии Иттиҳодияи Аврупо Ҳавер Солана дар ин нишаст намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG