Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳсили шартномавӣ гаронтар мешавад?


Мактабҳои олии Тоҷикистон хостори ин шудаанд, ки маблағи шартномаи таҳсили олиро дар соли хониши 2009-2010 ба андозаи 20 дарсад афзоиш диҳанд.

Муаллиф: Зайнаби Муҳиддин

Сарвари ДМТ Нуриддин Саидов, ки яке аз ташаббускорони чунин тағйирот аст, гуфт, ки ДМТ мактуби хешро дар мавриди 20 дарсад баланд кардани маблағи шартномаи таҳсил ба вазорати рушди иқтисод ва савдо ирсол карда буд, аммо бо сабабҳои номаълум вазорат онро пас гардонид.

Ҳамакнун ДМТ маротибаи дуввум мактуби хешро унвонии Вазорати рушди иктисод ва савдо ирсол кардааст. Ба гуфти ҳамсўҳбатам, тақозои боло бурдани қимати таҳсил дар риштаҳои шартномавӣ бо зарурати таъмири биноҳои таълимӣ, баланд бардоштани маоши устодон ва ҳамзамон барои харидории таҷҳизоти муосири таълимӣ вобаста аст. Феълан теъдоди муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ Дар Тоҷикистон 28 адад буда, шумораи донишҷӯён 160 ҳазор нафар мебошад ва аз ин ҳисоб 60 дарсад донишҷӯён дар бахши шартномавӣ таҳсил доранд.

Муовини ректори ДМТ Латофат Назирова дар сўҳбат ба «Ояндасоз» гуфт, ки боло рафтани маблағи шартномаи таҳсилоти олӣ барои ҷавонон ягон монеа пеш намеорад. Балки, ба қавли ӯ, эҳсоси масъулиятшиносии ҳар ду тарафро, яъне ҳам ҷавонони донишҷў ва ҳам кайфияти таълими устодонро дучанд мекунад. Ба гуфти хонум Назирова, донишҷў вақте маблағи шартномаро пардохт кард, маҷбур мешавад, ки хонад. Ва ё устод маоши баланд гирифт аз ҳисоби шартнома хатман шогирдро таълими дуруст медиҳад: «Он маблағе, ки донишчу дар бахши шартномавӣ пардохт мекунад, масъулияти ӯро дучанд мекунад, ӯ кӯшиш мекунад барои омӯзиши илмхои муосир талош варзад. Дигар ин ки дар асоси шартнома донишҷӯ ӯҳдадрор аст ва ӯ бояд ҳамаи ӯҳдадорихоро иҷро кунад. Дар сурати сарфи назар кардан хориҷ мешавад. Маблағи шартнома ҳам барои таъмини шароити мусоиди таълим дар донишгоҳ сарф мешавад»

Вале дар ин замина мавқеи онҳое, ки бояд бевосита ин 20 дарсади иловагиро пардохт кунанд, аз назари мақомоти донишгоҳҳо тафовут дорад. Донишҷўи курси якуми факултаи ҳуқуқшиносии бахши шартномавии Донишгоҳи Милли Тоҷикистон Илёс Дадабоев, ки барои як соли таҳсил бояд 1200 доллар пардохт кунад, дар сўҳбат бо Ояндасоз гуфт, ки ў аз хабари боло рафтани маблағи шартнома нороҳат шудааст. Ба андешаи вай, ҳоло пеш аз ҳама ҷавонони хонаводаҳои камбизоат, довталабони таҳсил аз деҳоти кишвар бо монеаҳои бештар рӯбарӯ мешаванд.

Ба гуфти Илёс, худи ў аз оилаи коргар аст ва танҳо ба хотири ин ки ду бародараш дар Русия кор мекунад, вай тавони пардохти ҳаққи таҳсилро дорад. Илёс мегўяд, «ман аз боло рафтани маблағи шартнома нав огоҳӣ ёфтам. Ҷавонҳои бечора аз куҷо маблағ меоранд. Масалан ман ду бародарам имконияти донишҷӯ шудан надоштанд. Ба ман гуфтанд, ки мо нахондем, вале ту хон. Онҳо ба Русия рафта, кор мекунанд ва маблағи шартномаи маро месупоранд».

Он бахши ҷавононе, ки мисли Илёс аз болоравии қимати таҳсил норозӣ ҳастанд, мегӯянд, нороҳатиҳои онҳо аз он ҷо маншаъ мегирад, ки ба беҳтар шудани кайфияти таълим эътимод надоранд. Ин бахши ҷавонон мегӯянд, ки сатҳи таълим ва омода кардани мутахасисон ба қимате, ки пардохт мешавад, ҷавобгў нест. Инчунин, ин ҷавонон аз ноомода будани синфхонаҳои таълимӣ ба вижа дар мавсими зимистону сармо, роиҷ будани анъанаи ришвагирии устодон ҳангоми гирифтани имтиҳонҳо ва мушкилоти дигар шикоят мекунанд,

Ҷамшед Авазов, ки имсол синфи даҳумро хатм мекунад ва нияти шарқшинос шуданро дорад, мегуяд ки маблағи заруриро барои дохил шудан ба факултаи дӯстдоштааш надорад. Дар факултаи шаркшиносии ДМТ аз рӯи панч забони хоричҷӣ тарҷумон тайёр карда мешавад ва ҳар як бахши он нархи шартномавии худро дорад. Соли 2008 маблағи шартномаи бахши арабӣ 600 доллар буд. Имсол акнун 20 дарсад хоҳад шуд. Ҷамшед афсус мехўрад, ки ҳатто агар дар бахши буҷавии факулатаи шарқшиносӣ дохил шавад ҳам, бе маблағ таҳсил карда наметавонад. Вай мегӯяд, ба эҳтимоли ғолиб вай дар сурати дохил нашуданаш ба мактаб ба Русия муҳоҷират мекунад.

ДМТ имсол тасмим гирифтааст, ки ба болои 20 дарсад зиёд кардани шартномаи таҳсил донишҷӯёни шартномавӣ бояд 12 дарсад таваррумро супоранд.
XS
SM
MD
LG