Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кӯмаки Амрико ба гурезаҳои водии Свот


Теъдоди гурезаҳои водии Своти Покистон аз ду миллион нафар бештар шудааст
Теъдоди гурезаҳои водии Своти Покистон аз ду миллион нафар бештар шудааст

Амрико барои кӯмак ба мардуме, ки бар асари задухурдҳо дар водии Своти Покистон хонаҳояшонро тарк кардаанд, ҳудуди 100 миллион доллар пешниҳод кард.

Гуфта шуд, ки аз ин роҳ Вошингтон кӯшиш дорад, 30 соли сиёсати номушаххассашро дар қиболи ин кишвари мусаллаҳ бо бомби атомиро ҷуброн кунад. Дар ҳоле, ки сарбозони покистонӣ дар шаҳрҳои водии Свот, 100-километрии Исломобод, бо мусаллаҳони Толибон меҷанганд, ҳукумати он кишвар кӯшиш мекунад ҳазорон сокини осоиштаро бо озуқа таъмин намояд.

Бино бар иттилои мақомоти расмӣ, артиши Покистон ба пешравиҳо ноил гаштааст ва ҳукумат барои ёрӣ ба беш аз 1 миллион нафари беҷошуда тамоми кӯшишашро ба харҷ хоҳад супурд. Хушунати шӯришиён дар Покистон дар давоми ду сол идома дорад ва боиси шубҳа аз устувории вазъи ин кишвари дорои нерӯи ҳастаӣ гаштааст. ИМА аз вазъи ноороми Покистон сахт нигарон аст, чунки ба кӯмаки Покистон дар муборизааш бо Ал-Қоида ва ба эътидол овардани Афғонистони ҳамсоя ниёз дорад.

Бо вуҷуди ин, ки сиёсатмадорони покистонӣ ва намояндагонӣ омма амалиёти артиш зидди Толибон дар водии Свотро ҳамаҷониба дастгирӣ мекунанд, хатар вуҷуд дорад, ки агар шумораи кушташудагон афзоиш ёфта, вазъи беҷошудагон бадтар шавад, ин ҳимоят аз ҳукумат ба зудӣ ба поён мерасад. Кохи Сафед гуфт, 100 миллион ба ҳайси кӯмаки башардӯстона, яъне озуқа, дастгоҳҳои радио, генераторҳои барқ, хаймаҳо ва ғайра ва 10 миллион аз ҷониби вазорати дифои ИМА ба ҳайси кӯмаки мушаххаснашуда пешкаш мекунад.
XS
SM
MD
LG