Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид кӯмак хост


Ҳукумати Тоҷикистон аз Созмони Милали Муттаҳид хостааст, ки барои рафъи оқибатҳои фалокатҳои табиӣ ба ин кишвар кӯмак кунад.

Дар ин бора Сироҷиддин Аслов, сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал, хабар додааст. Вай ба радиои ин созмон гуфтааст, ки «ба дабири кулли СММ муроҷиати ҳукумат доир ба фалокатҳои табиӣ дар кишвари мо расонда мешавад. Фалокат бештар аз 40 шаҳру ноҳияҳои Тоҷикистонро фаро гирифтааст ва ҳаҷми хисорот аз ин фалокатҳо бар асоси ҳисобҳои муқаддамотӣ тақрибан 100 миллион доллари амрикоиро ташкил медиҳад».

Бар асари боришоти зиёду сел ва лағшиши хок дар моҳҳои апрел ва май дар Тоҷикистон садҳо хонавода осеб дида ва бештар аз 20 нафар ҳалок шуданд. Ба гуфтаи сафири Тоҷикистон дар Созмони Милал, бар асари ин фалокатҳои табиӣ 10 ҳазор нафар бе сарпаноҳ мондаанд.
XS
SM
MD
LG