Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эълони истеъфои раиси палатаи парлумони Бритониё


Майкл Мартин, раиси палатаи поёнии парлумони Бритониё, бар асари моҷарои пардохти ҷубронпулӣ ба аъзои ҳукумат ва вакилони парлумон барои масрафоти шахсӣ ба истеъфо меравад. Зимни суханронӣ дар парлумон Майкл Мартини 63-сола гуфт, ки ӯ рӯзи 21 июн мақоми худро тарк хоҳад кард. Тайи беш аз 300 соли ахир барои нахустин бор раиси Палатаи поёнии парлумон барои истеъфо маҷбур шудааст.
Моҷаро баъди он сар зад, ки расонаҳои кишвар дар бораи пардохти маблағи бузург ба аъзои ҳукумат ва парлумони Бритониё ҳамчун ҷубронпулӣ барои масрафоти инфиродӣ матолиб нашр карданд.
XS
SM
MD
LG