Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баррасии вазъи ҳуқуқи зани тоҷик дар СММ


Дар нишасти 11-уми Шӯрои Ҳуқуқи Инсони Созмони Милал, ки аз 2 то 18 июни соли равон баргузор мешавад, вазъи ҳуқуқи зан дар Тоҷикистон низ баррасӣ хоҳад шуд. Дар ин нишаст, Яқин Эртурк – гузоришгари махсуси Созмони Милал дар умури хушунат алайҳи занон, гузориши худ доир ба вазъи риояти ҳуқуқи зан дар Тоҷикистонро муаррифӣ хоҳад кард. Ӯ ки моҳи майи соли гузашта ба Тоҷикистон рафта буд, дар гузоришаш мегӯяд, хушунат алайҳи занону духтарон дар ин кишвар як расми маъмулист. Ба навиштаи Яқин Эртурк, ҳарчанд қонуни Тоҷикистон баробарии ҳуқуқи зану мардро кафолат додааст, аммо воқеъият дигар аст ва занон дар кишвар аз ҳар ҷиҳат осебпазиранд. Яқин Эртурк аз ҳукумати Тоҷикистон хостааст, барои ҳимоят аз ҳуқуқи занон ва рафъи зӯроварӣ ва хушунат нисбат ба онҳо тадобири иловагӣ биандешад.
XS
SM
MD
LG