Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Масъулони аврупоӣ ба Хабаровск мераванд


Қарор аст, рӯзҳои 21-22-юми май дар шаҳри Хабаровски Русия мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо ва Русия баргузор шавад.

Дар ин мулоқот масъалаҳое чун вазъ дар Молдова, баррасии ҳамаҷонибаи масъалаҳои Гурҷистону Эрон дохил мешаванд.

Суоли воқеӣ ин аст, ки баъзе намояндагони кишварҳои аврупоӣ чунин интихобро чӣ тарз арзёбӣ мекунанд, вақте ки Иттиҳоди Аврупо ояндаи муносиботи худро бо Русия дар паҳлуи тарозӯ мегузорад. Русия, ки ҳоло аз тарафи Иттиҳоди Аврупо ба унвони "ҳамкори стротегӣ" шинохта шудааст, аз соли гузашта ба ин сӯ дар Брюссел мавриди шакки мақомоти ин Иттиҳод қарор дорад. Соли гузашта Русия бо Гурҷистон вориди ҷанги кӯтоҳмуддат шуд ва интиқоли газ ба Украинаву Аврупоро барои муддате қатъ кард. Гузашта аз ин, масъалаҳои дигари то андозае хурду реза, вале мушкиле вуҷуд дорад, ки Русия қотеъона ҳалли онҳоро намехоҳад. Бастани молиёти сангин ба ҳавопаймоҳои транзитии Иттиҳоди Аврупо, муқаррароти гумрукӣ барои содироти чӯбу тахта ва навбатҳои тӯлонии мошинҳои бузурги борбар дар марзҳои миёни кишварҳои Иттиҳоди Аврупо бо Русия аз ҷумлаи чунин масъалаҳо ба шумор мераванд.

Иттиҳоди Аврупо интизор надорад, ки дар мулоқоти 21, 22-юми май дар Хабаровск дар ин заминаҳо сабукиҳои воқеъӣ пеш ояд. Дар ин мулоқот тасвиби эъломия ё имзои санаде дар назар дошта нашудааст. Бештар аз ҳар чизи дигар, ки ин иттиҳод метавонад ба он умед бандад, гирифтани таъйиди Маскав аст, ки ҳамчунон хостори ҳамкорист. Бими Брюссел ин аст, ки Русия метавонад мулоқоти раҳбарони Иттиҳоди Аврупо бо Русияро камарзиш пиндорад. Барои чунин кор онҳо далелеро истифода мекунанд, ки раҳбарии ҳайати Иттиҳоди Аврупоро дар ин мулоқот Васлав Клаус, раисҷумҳури Чех бар ӯҳда дорад, раисҷумҳуре, ки бо Русия муносиботи дӯстона дорад. То аввали моҳи июл Ҷумҳурии Чех раёсати давраии Иттиҳоди Аврупоро бар ӯҳда дорад. Баъд аз он Шведсия раҳбариро ба даст мегирад.

Влодимир Чизов, намояндаи Русия дар Иттиҳоди Аврупо 13-уми май дар Брюссел ба рӯзноманигорон гуфт, Русия талош дорад, то Иттиҳоди Аврупоро ба манотиқи таҳти манофеъи худ баргардад. Дмитрий Медведев, раисҷумҳури Русия 15-уми май дар як мусоҳибаи телевизионии худ гуфт, Русия аз тарафҳои ҳамкораш мехоҳад, ки бо "бархӯрди нав" ба масоили амниятӣ розӣ шаванд. Ба назари вай, НАТО тавсеъа меёбад ва нуфузи Иттиҳоди Аврупо бештар мешавад. Сергей Лавров, вазири умури хориҷаи Русия дар мулоқот бо вазирони умури хориҷаи Иттиҳоди Аврупо гуфт, Маскав мехоҳад муоҳидаи нави амниятӣ таҳия шавад. Вай аз САҲА, ки ниҳоди аввали амниятии Аврупо дониста мешавад, интиқод кард ва гуфт, ин ниҳод салоҳият надорад қонунҳои байналмилалиро таҳия кунад.

Маскав медонад, ки ҳайати Иттиҳоди Аврупо ба сарпарастии Васлав Клаус, Хосе Мануэл Бароссо, раиси кумиссиюни Аврупо ва Хавиэр Солана, масъули сиёсати хориҷаи ин иттиҳодия салоҳият надорад, роҷеъ ба масъалаҳои душвори амниятӣ музокирот анҷом диҳад. Ин ҳайат танҳо метавонад аз номи 27 кишвари узв сӯҳбат кунад.

Дар масъалаҳои муносибот бо Русия дар Иттиҳодияи Аврупо ваҳдати назар вуҷуд надорад. Дар ин росто се гурӯҳ мушоҳида мешавад. Масалан, гурӯҳи "Дӯстони Русия", ки ба он Фаронсаву Олмон ва Италия дохил мешаванд. Юнону Кипр ва баъзеҳои дигар дар симои Русия ҳамкори стротегиро мебинанд. Аммо кишварҳои дигар, аз қабили Полшаву Литва, Шведсия ва ҳоло ба таври доимӣ Британия ба Русия бо чашми шубҳа менигаранд. Кишварҳои севвум низ ҳастанд, ки ба онҳо Финландияву Латвия, Эстония ва баъзе кишварҳои ҷануби шарқи Аврупо дохил мешаванд. Ин кишварҳо далел меоранд, ки ҳамкорӣ бо Русия зарур аст ва чунин ҳамкориҳо ба ҳар баҳое бояд идома ёбад.
XS
SM
MD
LG