Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низомиёни Шри Ланка бар шӯришиён пирӯз шудаанд


Низомиёни Шри Ланка мегӯянд, онҳо шимоли шарқи ин кишварро аз вуҷуди гурӯҳҳои боқимондаи шӯришиёни Бабрҳои Тамил пок кардаанд ва ҳоло барои нахустин бор дар даҳсолаҳои ахир Шри Ланка комилан зери контроли ҳукумат даромадааст. Сухангӯи раиси ҷумҳур гуфтааст, онҳо бар ин боваранд, ки Велупиллай Прабҳакаран-раҳбари Бабрҳои Тамил кушта шудааст. Рӯзи якшанбе худи гурӯҳи Бабрҳои Озодихоҳи Тамил эълон кард, ки онҳо ба муборизаи 30 солаи худ барои истиқлоли давлати тамилҳо дар Шри Ланка хотима додаанд. Тӯлонитарин муноқишаи шаҳрвандӣ дар Осиё беш аз 70 000 нафарро дар муборизаҳо, ҳамлаҳои интиҳорӣ, бамгузориҳо ва сӯиқасдҳо кушта бар ҷой гузоштааст.
XS
SM
MD
LG