Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин президенти зан дар Литва


Далия Грибаускайте
Далия Грибаускайте

Далия Грибаускайте, комиссари умури буҷаи Иттиҳодияи Аврупо, эълон кард, ки дар интихоботи президентии Литва пирӯз шудааст.

Грибаускайтеи 53–сола нахустин зане хоҳад шуд, ки ба мақоми раҳбарии Литва мерасад. Вай пирӯзиашро баъди он эълон кард, ки натиҷаҳои тақрибан ниҳоии интихоботи рӯзи якшанбеи Литва нишон дод, ки Далия Грибаускайте 69 дарсади раъйи мардумро ба даст овардааст.

Ба гуфтаи мақомоти интихоботӣ, 51 дарсади мардум дар раъйдиҳӣ ширкат варзидаанд, аз ин хотир ҳоҷат ба баргузории даври дуввум нест.

Далия Грибаускайте ҳамчун номзади мустақил дар интихобот ширкат кард ва бар 5 рақиби худ, ки раҳбарони аҳзобу иттиҳодияҳои сиёсии Литва мебошанд, ғолиб омад.

Далия Грибаускайте ваъда додааст, ки бо таҷрибааш дар арсаи низоми молӣ ба Литва кӯмак хоҳад кард, то бӯҳрони иқтисодиро паси сар намояд.
XS
SM
MD
LG