Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Навмедии созмонҳои мудофеи ҳуқуқи башар аз Обама


Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар аз тасмими Барак Обама оид ба азсаргирии мурофиаҳои додгоҳи низомӣ дар боздоштгоҳи Гуантанамо дар нисбати бархе муттаҳамон изҳори ноумедӣ карданд. Созмони Дидбони Ҳуқуқи башар (Human Rights Watch), воқеъ дар Амрико гуфт, ки низоми комиссиюни ҳарбие, ки ба он аз ҷониби Обама чанд тағйирот ворид шудааст, ғайри қобили таҳрир шудааст. Афви байнулмилал (Amnesty International) Обамаро барои ба ҳам задани эҳтиромҳои бунёдӣ ба қонун айбдор кардааст. Дар изҳороти шоми ҷумъаи худ, ки оид ба бозгардони системаи комиссиюни низомии даврони Ҷорҷ Буш хабар медиҳад, Обама гуфтааст, ки барои дастёбии муттаҳамон ба додгоҳҳои одилонатар замонатҳои нав фароҳам меояд.
XS
SM
MD
LG