Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Асали Афғонистон ба бозорҳои ҷаҳонӣ меравад


Дар вилояти Нангарҳори Афғонистон рӯзи панҷшанбе корхонаи асал ба фаъолият оғоз кард. Ин корхона маҳсулоти асалпарваронро дар берун аз бозорҳои ҷаҳонӣ ба фурӯш мерасонад. Мақомоти маҳаллӣ гуфтаанд, ки ахиран асали онҳо дар намоишгоҳи байналмиллалии Ҳиндустон ба фурӯш гузошта шудааст ва барои кайфияти хубаш таваҷҷуҳи харидорони зиёдро ҷалб кардааст. Дар ин корхона 15 нафар кор мекунанд ва рӯзе 400 кило асал барои фурӯш омода мекунанд.
XS
SM
MD
LG