Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

100 миллиард доллар барои Ироқ ва Афғонистон


Конгресси ИМА тарҳи тахсиси ҳудуди 100 миллиард доллар барои амалиёти низомӣ дар Ироқу Афғонистон ва барои кумаки ҳукумати Покистонро пазируфт.

Аз ин тарҳи қонун 368 узви Конгресс ҷонибдорӣ карданд, 60 нафар хилофи тарҳ овоз доданд. Тибқи ин тарҳ, тақрибан 50 миллиард доллар барои пиёдасозии амалиётҳои низомӣ дар Ироқ ва Афғонистон ва 23 миллиард барои таҷдиди аслиҳа ва лавозимоти низомии нерӯҳои Амрико дар ин кишварҳо сарф хоҳад шуд.

Аз ин маблағ ҳудуди як миллиард доллар барои барқарорсозии иқтисодиёт ва рушди демократия дар Афғонистон ва ҳамчунин як миллиарди дигар барои кумак ба Покистон ҷиҳати рушди иқтисод ва муборизаи ин кишвар бо Толибон пешбинӣ шудааст.

Маҷлиси намояндагони Конгресси ИМА ҳамчунин тарҳи худиро дар ин маврид таҳия хоҳад кард, ки баъд аз ҳамоҳангӣ бо Сенат ба раисиҷумҳур Барак Обама фиристода мешавад.
XS
SM
MD
LG