Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Карзай тундгароӣ ва терроризмро хатари ҷиддӣ хонд


Имрӯз Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон дар конфронси байналмиллалии иқтисодии дурӯза дар Исломобод гуфт, тундгароӣ ва терроризм ҷиддитарин хатар барои шукуфоии минтақа ба шумор меравад. Вай афзуд:

"Имрӯз қисматҳое аз Афғонистону Покистон ба қурбонии бераҳмиҳои шӯришиёну террористҳо табдил ёфтааст ва чунин вазъ садҳо ҳазор марду зан ва кӯдаконро ба фирор аз хонаҳояшон водор кардааст".

Дар ин конфронс кишварҳои минтақа, муттаҳидони ғарбии онҳо ва муассисаҳои молии байналмиллалӣ ширкат доранд. Юсуф Разо Гилонӣ-нахуствазири Покистон гуфт, музокироту пешрафт қаввитарин аслиҳа алайҳи терроризм аст. Вай аз кишварҳои ширкаткунанда хост барои ҳакорӣ дар ин роҳ барномае ба тасвиб расонанд.

XS
SM
MD
LG