Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Amnesty International: ошӯби Андиҷон таҳқиқ шавад


Созмони Amnesty International ваё Афви Байнулмилал аз Иттиҳодияи Аврупо хостори пойфишорӣ барои тафтиши мустақилонаи байнулмилалии ҳаводиси шаҳри Андиҷони Узбакистон дар рӯзи 13 майи соли 2005 шуд.
Ҳомиёни ҳуқуқи башар бо такя ба шоҳидони ин ҳаводис гуфтаанд, ки бар асари саркӯбсозии тазоҳурот аз сӯи артиш дар ин шаҳр садҳо нафар кушта шудаанд. Дар ин нома омадааст, ки он рӯз маҳбусон аз зиндон фирор карда бо издиҳоми мардум омехтанд ва артиш сӯи издиҳом оташ кушод.
Amnesty International навиштааст, ки баъд аз ин ҳаводис вазъи ҳуқуқи башар дар Узбакистон бадтар шуд. Дар нома аз Иттиҳодияи Аврупо даъват шудааст, ки дар арафаи нишасти вазирони хориҷаи кишварҳои Осиёи Марказӣ аз ҳукумати Узбакистон дархости тафтиши мустақилонаи ҳаводиси Андиҷонро кунад. Қарор аст, ин нишаст бо ибтикори Иттиҳодияи Аврупо рӯзи 29 май баргузор шавад. Ба иттилоъи мақомоти Узбакистон рӯзи 13 майи соли 2005 дар Андиҷон, ба шумули низомиён, 187 нафар ба ҳалокат расидаанд.
XS
SM
MD
LG