Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Заҳролудшавии шогирдони мактаби духтаронаи афғонӣ


Имрӯз ҳудудан 90 шогирди як мактаби духтаронаи Афғонистон бар асари заҳролудшавӣ дар як ҳамлаи эҳтимолии газӣ ба беморхона интиқол ёфтанд. Ин сеюмин чунин ҳамлаест, ки дар шимоли Кобул рӯй медиҳад. Змарай Башарӣ, вазири умури дохилаи Афғонистон гуфт, ки 94 духтари заҳролудшуда дар мактаби Қазои вилояти Каписо таҳсил мекарданд. Дар миёни қурбониҳои ин ҳамла инчунин чанд омӯзгор ва посбони мактаб низ ном бурда мешаванд. Ду ҳамлаи гузаштаи газӣ болои мактабҳои духтаронаи воқеъ дар наздикии шаҳри Чорикор рӯй додааст. Хабарнигорон мегӯянд, ки ҳамлаи ахир дар минтақае рӯй дод, ки ҳеҷ гоҳ таҳти назорати шадиди Толибон қарор надошта буд.
XS
SM
MD
LG