Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

То шурӯъи Eurovision соатҳои башумор мемонад


Имрӯз дар Маскав даври аввали мусобиқаҳои имсолаи беҳтарин оҳангҳои аврупоӣ - Eurovision шурӯъ мешавад. Дар озмуни имрӯза 18 кишвар иштирок хоҳанд кард. Даври ниманиҳоии дигари озмун шоми 14 май ва даври ниҳоии интихоби ғолиби озмун шанбе, 16 май баргузор мешавад. Озмун дар варзишгоҳи Олимпийскии воқеъ дар маркази Маскав ташкил мешавад. Ин барои нахустин бор аст, ки озмуни Eurovision дар Маскав доир мешавад. Дар миёни 42 ширкатдори озмуни имсола ҳунармарди маъруфи фаронсавӣ Патрисия Каас, гурӯҳи лӯлиёни рэпсарои чехӣ Gypsy.cz, овозхони туркӣ Ҳадиса, ҳунарманди рус Анастасия Приходко рақобат хоҳанд кард. Озарбойҷонро ду овозхон - Ойсели озарӣ ва Ораш, овозхони эронитаборе аз Шветсия намояндагӣ мекунанд. Дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ имрӯз Ораш оид ба шонси худ дар озмун гуфт:

"Бурдани чунин мусобиқа бисёр сахт аст. Ман худам фикр мекунам, ки агар дар 10-гонаи беҳтарин ва ё 5-гонаи беҳтарин ворид шавем, хеле хушҳол мешавам. Фикр накунам, ки мо ин мусобиқаро бубарем, вале саъй хоҳем кард. Ва худо бихоҳаду ин озмун барои мо хуб пеш биравад ".

Озмуни беҳтарин оҳангҳои аврупоӣ аз соли 1956 чун нахустин сабқати мусиқии телевизионӣ шурӯъ шуда буд.
XS
SM
MD
LG