Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксана Собирӣ шояд Эронро тарк кунад


Роксана Собирӣ, хабарнигори эронитабори амрикоӣ, ки аз зиндони Эвини Теҳрон озод шуд, эҳтимолан ҳафтаи оянда Эронро тарк мекунад. Дар ин бора Абдусамад Хуррамшоҳӣ, вакили хонум Собирӣ изҳороте додааст. Ин хабарнигор рӯзи душанбе баъди бознигарӣ шудани ҳукми ҳаштсолаи зиндони ӯ дар додгоҳи таҷдиди назари Теҳрон бо мӯҳлати дусолаи шартӣ ба озодӣ баромад. Хонум Собирӣ имрӯз дар баробари хабарнигорон дар Теҳрон ба онҳое, ки аз сарнавишти вай дар зиндон нигарон буд, изҳори сипос кард ва гуфт:

"Албатта ман хеле шодам, ки озод шудам ва метавонам боз ҳам дар канори падару модари худ бошам. Мехоҳам ҳамаи одамонро дар саросари ҷаҳон ташаккур кунам, ки маро нашиносанд ҳам барои ман ва хонаводаи мо дар тӯли ин марҳилаи мушкил кӯмак карданд. Ман дар ин бора ростӣ тоза хабардор мешавам".

Додгоҳи Теҳрон ҳукм карда буд, ки Собирӣ барои ҷосусӣ ба манфиати Амрико бояд ба ҳашт соли зиндон маҳкум шавад, дар ҳоле, ки ин иттиҳомро Вашингтон шадидан рад кардааст. ИМА ҳукми нави Собириро ҳамчун як иқдоми башарӣ истиқбол кардааст.
XS
SM
MD
LG