Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушӣ дар байни ҷавонони тоҷик


Ҳамсӯҳбати мо Сабоҳат шоҳиди як манзараи мудҳиш буд. Ӯ бо чашмони худ дидааст, ки чӣ гуна ҷавони 27-солае қасд ба ҷони худ мекунад.

Сабоҳат нақл мекунад, «дар аввал мо гумон кардем, ки вай бо ҳамсараш шӯхӣ мекунад. Аммо лаҳзае баъд ӯ фарёдкунон сӯи мо давид. Баданаш оташ гирифта буд. Худро осемасар ба об партофт. Ба ҳар ҳол нисфи баданаш аллакай сӯхта буд. Баъдан фаҳмидем, ки бо падарарӯсаш баҳс шудаву қасди ҷон кардааст».

Ба гуфтаи хонум Сабоҳат, ҳоло ин ҷавон маълул аст ва ранҷи ҷисмонӣ мебарад. Аммо зимнан, ин аз камтарин чунин мавридҳои зинда мондани як нафар пас аз ҳодисаи даст ба худкушӣ задани ӯ ба ҳисбо меравад. Зеро омори вазорати умури дохила ҳокист, ки танҳо дар се моҳи нахусти соли ҷорӣ наздики 150 нафар бо роҳи худкушӣ риштаи умри худро буридаанд. Бар асоси ин омор, бештарин мавориди худкушӣ аз сӯи ҷавонон ва наврасон сурат гирифта, дар ин авохир ҷавонписарон низ ба чунин амал даст задаанд.

Маҳмадулло Асадуллоев, сухангӯи вазорати умури дохила, мегӯяд, ҳодисаҳои худкушӣ ғолибан бар асари каммаълумотии ҷавонон дар рустоҳҳо ва манотиқи дурдасти кишвар зиёд ба чашм мерасад. Зеро, ба гуфтаи ӯ, онҳо дар ҳалли мушкилоти рӯзгори худ дасти кӯтоҳ доранд ва худкуширо танҳо василаи раҳоӣ аз мушкилоти мухталифи ба миён омада медонанд.

Вале Абдулазиз, як ҷавон, бар ин назар аст, ки нафароне, ки қасд ба ҷони худ мекунанд, норозигии худро ба ин роҳ нишон медиҳанд ва бо ин усул мехоҳанд аз наздикони худ интиқом бигиранд.

Ин дар ҳолест, ки аз сӯи дигар, ба назари мусоҳиби ҷавони мо Аброр, адами хадамоти равоншиносӣ дар кишвар боиси афзоиши теъдоди худкушон шудааст. Аброр мегӯяд, «дар кишварҳои Аврупо ҳар як нафар равоншиноси шахсӣ дорад, аммо дар Тоҷикистон чунин мутахасисон ангуштшуморанд. Аз сӯи дигар, агар дар макотиби миёна махсус равоншиносон кор кунанд, теъдоди худкушон низ кам мешуд».

Фароизи дини Ислом худкуширо маҳкум карда, адои намози ҷанозаи худкушонро раво намебинад...
Дар ин миён Амрулло Низомов, як коршиноси ҷавон дар умури мазҳабӣ, бо ишора ба ин, ки бештар аз 90 дарсади сокинони Тоҷикистон мусулмонанд, худкуширо як амали ғайри қобили қабул медонад. Вай мегӯяд, фароизи дини Ислом худкуширо маҳкум карда ва адои намози ҷанозаи худкушонро раво намебинад. Вай меафзояд, «онҳое, ки бо сабабҳои мухталиф даст ба худкушӣ мезананд, зиндагии абадии худро зери хатар мегузоранд. Барои мисол, мо дар ҳадисҳои паёмбари акрам мехонем, ки ҳар касе худро бо кадом навъе ки кушт, ба ҳамон азоб дар рӯзи қиёмат гирифтор мешавад. Яъне агар касе худро ба дор овехт, дар дӯзах ба ҳамон азобу шиканҷа гирифтор хоҳад шуд».

Дар ҳамин ҳол, ба боварии равоншиносон, худкушӣ дар ҳолати аффектӣ сурат мегирад. Ин ҳолати равонӣ дар пайи стресс ва афсурдагии бардавом ба миён меояд. Равоншинос Латофат Назарова мегӯяд, нафаре, ки худкушӣ мекунад, иродаи қавӣ надорад ва нобоварӣ ба худу тавоноии худ аксаран ҷавононро ба ин роҳ мебарад. Вай меафзояд, «дар ин ҳолат мумкин аст, ки шахс ҳатто аз чунин амали худ бехабар монад. Ва чун зинда мемонад, мегӯяд, ман надонистам, ки чи гуна даст ба куштори худам задам».

Хонум Латофат афзуд, барои аз байн бурдани фикри худкушӣ шахс бояд қабл аз ҳама ба зиндагӣ хушбин бошад ва барои роҳ ёфтани андешаҳои манфӣ дар тафаккураш муқобилият кунад. Ва ҳаргиз мушкилашро дар худ нигоҳ надорад, яъне тавассути андешаҳои мусбӣ ва интихоби роҳи мусбӣ инсон қодир аст ба худ кӯмак кунад.

Амрулло Низомов, диншинос, мегӯяд, беҳтарин роҳи ҷилавгирӣ аз худкушӣ дар Қуръони Маҷид тавсияа шудааст, ки қабл аз ҳама шахсро ба андешидан водор мекунад Вай меафзояд, «ривояти машҳурест, ки ҳангоме ҳазрати Умар бо ҷамъи ёронаш ба минтақаи ваборасида мерафтанд ёфтанд, мардум ҳайрон монданд, ки чи кор кунанд. Оё ба ин минтақа ворид шаванд, ё на. Ҳазрати Умар гуфт, мо аз ин ҷо ба ҷои дигар меравем, яъне нафси худро зери хатар қарор намедиҳем. Ёрони ӯ эътироз карданд ва гуфтанд, ки оё ту аз тақдир роҳи гурез меҷӯӣ? Ӯ гуфт, то он лаҳзае, ки инсон имкон дорад, бояд аз амалҳое, ки ба нафсаш таҳдид мекунад, дурӣ ҷӯяд».

Дар таълимоти қуръонӣ, ба гуфтаи Амрулло, омадааст, ки бардавом будани як ҳолати фақирӣ ва тангдастӣ, ё сарватмандиву фарохӣ муҳол аст. Ин ҳолат рӯзе тағйир меёбад ва барои ҳамин ҳам инсон набояд бесабрӣ намояд ва ба амале даст занад, ки на ҳалкунандаи кори ӯ, балки афзояндаи мушкили ӯ шавад.
XS
SM
MD
LG