Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Роксана Собирӣ имрӯз ба озодӣ мебарояд


Роксана Собирӣ
Роксана Собирӣ

Як додгоҳи таҷдиди назар дар Эрон имрӯз 8 сол ҳукми зиндони Роксана Собириро ба 2 сол ҳукми шартии зиндон иваз кард.

Вакили мудофеъи хабарнигори эрониву амрикоӣ Роксана Собирӣ гуфт, ӯро имрӯз аз зиндон раҳо мекунанд. Як додгоҳи таҷдиди назар 8 соли ҳукми қаблии зиндони Роксана Собириро бо 2 сол ҳукми шартӣ иваз кардааст.

Собирӣ дар моҳи январ ҳангоми харидории машрубот боздошт шуда, баъдан ба фаъолияти ғайримуҷози хабарнигорӣ низ муттаҳам карда шуд. Дар ниҳоят мақомоти Эрон хонум Собириро ба ҷосусӣ ба нафъи Амрико айбдор карданд ва додгоҳ дар ибтидои моҳи апрел ӯро бо ҳамин бо ҷурми ҷосусӣ ба 8 соли зиндон маҳкум кард. Аммо вакили мудофеъи ӯ Солеҳ Некбахт гуфт, ҳукми додгоҳи қаблӣ лағв шудааст.

Вазорати умури хориҷии Амрико иттиҳомоти ворида алайҳи Роксана Собириро бебунёд хонда, ҳанӯз қабл аз судури ҳукми аввал раҳоии билофосилаи ӯро аз зиндон тақозо карда буд. Сарнавишти Собирӣ, ки модараш ҷопонист, ҳафтаи гузашта зимни боздиди вазири хориҷаи Ҷопон Ҳирофумӣ Накасонэ аз Теҳрон дар ҷараёни мулоқотҳои ӯ бо раҳбарони Эрон низ матраҳ шуда буд.
XS
SM
MD
LG