Нерӯҳои вафодор ба раҳбари Либия, Муаммар Қаззофӣ, бо истифода аз тонкҳо ба мавқеъҳои мухолифон дар шаҳри Мисрота ҳамла карданд. Манобеи Мисрота мегӯянд, дар ин даргириҳо 6 нафар кушта ва даҳҳо тан захмӣ шудаанд. Бино ба хабарҳои дигар Мисрота, ки аз пойгоҳҳои асосии мухолифони Қаззофӣ ба шумор меравад, аз тарафи нерӯҳои раҳбари Либия ба мусоҳира гирифта шудааст.