Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар Тоҷикистон амалиёти "Кукнор-2011" оғоз шудааст


Нируҳои интизомии Тоҷикистон дар ин кишвар амалиёти “Кукнор-2011”-ро давом медиҳанд. Ин амалиёт дирӯз оғоз шудааст. Дар ин бора Ожонсии назорат бар маводи мухаддири Тоҷикистон хабар додааст. Бино ба гуфтаи ин манбаъ, амалиёти “Кукнор-2011” то моҳи ноябр давом мекунад ва дар ҷараёни он кишти кукнор ва соири маводи мухаддир аз байн бурда мешавад. Соли гузашта дар ҷараёни чунин амалиёт 1861 килограм маводи мухаддир мусодира шуд, ки 371 килограми онро ҳероин ташкил медод. 45 нафар қочоқчиёни маводи мухаддир боздошт шуданд.
XS
SM
MD
LG