Вай гуфт, сар аз моҳи сентябри соли 2001, пас аз ҳамлаҳои 11-уми сентябр хадамоти иктишофии Амрико дар пайи Усома бин Лодин буданд ва ин иттилоъро доштанд, ки пас аз оғози амалиёти ҷангӣ дар Афғонистон вай дар манотиқи марзии Покистон паноҳ бурдааст.
Обама гуфт, ҳафтаи гузашта, замоне ки дар бораи ҳаракат ва макони будубоши Усома бин Лодин иттилои кофӣ ба даст омада буд, ӯ ба баргузории амалиёти махсуси нерӯҳои Амрико барои боздошт ё қатли ӯ фармон додааст. Ин ҳамла шаби гузашта дар Бодободи Покистон ба вуқӯъ пайвастааст ва дар ҷараёни даргирии мусаллаҳона бин Лодин кушта шудааст.
Раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида гуфт, “ин ҷанге буд, ки на мардуми Амрико интихоб кардааст”, балки Амрико ба ин ҷанг кашонида шуд ва ин ба ҳеҷ ваҷҳ ҷанг бо ислом набуд ва нест. Обама афзуд, қатли бин Лодин бояд аз тарафи ҳамаи онҳое, ки ба сулҳ эътиқод доранд, истиқбол шавад. Вай аз ҳамкории ҳукумати Покистон дар иҷрои ин амалиёт сипосгузорӣ кард ва гуфт, ҳарчанд солҳои зиёде дар ҷустуҷӯи Усома бин Лодин сарф шуд, дер бошад ҳам, ҳақ ба ҳақдор расид.
Барак Обама, куштори бин Лодинро як рӯйдоди таърихӣ номид ва хотираи онҳоеро, ки дар рӯйдодҳои 11-уми сентябри соли 2001 ва ҷангҳои баъдӣ кушта шуданд, гиромӣ дошт.
Дар ҳоле ки раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида аз дохили Кохи Сафед ин изҳоротро медод, ҳазорон нафар дар атрофи ин қаср гирд омада, бо нидоҳои шодмонӣ аз қатли Усома бин Лодин истиқбол мекарданд.
Пеш аз изҳороти Обама, матбуоти Ғарб ба нақл аз мақомоти аршади Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, раҳбари Ал Қоида, Усома бин Лодин кушта шуда ва ҷасади ӯ дар дасти амрикоиҳост. Бино бар хабари шабакаи СNN вай дар ҷараёни як ҳамлаи тарҳрезишуда ба хонае дар канораи шаҳри Исломобод кушта шудааст.
Ҳамзамон давлати Покистон низ хабари кушта шудани Усома бин Лодинро дар канораи атрофи пойтахт таъйид кард.
Бин Лодин масъули ҳамлаҳои 11-уми сентябри соли 2001 ба Иёлоти Муттаҳида шумурда мешавад.