Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Кишоварзони Хатлон: "Дар заминҳои мо об нест."


Камобӣ дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон боис ба талаф ёфтани ҳазорҳо ҳектор майдони кишти гандум шудааст.

Хушксолӣ ва норасоии об барои обёрии заминҳои кишти гандум мақомоти вилояти Хатлонро водор кардааст, ки вазъи баамаломадаро "изтирорӣ" унвон кунанд.

Бино ба гармии ғайриинтизори ҳаво, гандум дар заминҳои лалмӣ сӯхтаву
Натанҳо мо, балки тамоми деҳқонон аз норасоии об азият мекашанд. Ин проблема аст. Ҳарчанд Тоҷикистони мо аз об бой аст, аммо дар заминҳои мо об нест...
тақрибан рушд накарда ва умеди деҳқонон ба ҷамъоварии ҳосил низ рӯз аз рӯз кам мешавад.

Барои мисол, танҳо гандуме, ки қариб дар ду ҳазор ҳектор замини ноҳияи Фархори вилояти Хатлон кишт шуда буд, комилан хушкидааст.

"ИН МУШКИЛИ БУЗУРГ АСТ"

Бар асоси иттилои расмӣ, имсол дар масоҳати наздик ба 120 ҳазор ҳектор ғалладонагӣ, аз он ҷумла дар беш аз 40 ҳазор ҳектор замин гандум кишт шудааст. Аммо деҳқононро норасоии обу беборишӣ хеле нигарон кардааст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки азимтарин рӯдхонаҳои Панҷу Вахш дар минтақаи ҷануби Тоҷикистон ҷорист. Қурбонгул Каримова, кишоварзе аз ноҳияи Панҷи вилояти Хатлон, мегӯяд, насосҳои обкашӣ, ки дар мувозинаи давлат аст, ҳоло аз кор бозмонда, ба майдонҳои кишт об намерасонад.

Вай афзуд: "Натанҳо мо, балки тамоми деҳқонон аз норасоии об азият мекашанд. Ин проблемаи бузург аст. Тоҷикистони мо ҳарчанд аз об бой аст, аммо дар заминҳои мо об нест, ҳосиламонро метавонем пурра аз даст диҳем. Ҳоло аз бозор шланг харида, мехоҳем, ки аз заҳбӯр ба тарафи боло бо насосҳои хурди шахсиамон об кашем, то каме ҳам бошад, ақаллан помидору бодирингу картошкаро об дода тавонем."

АМНИЯТИ ҒИЗОӢ ХАЛАЛДОР МЕШАВАД?

Вале ба гуфтаи хонум Каримова, обрасонӣ ба майдонҳои фарохи кишт тавассути қубурҳои пластикӣ мисли, "уштурро ба кафлез об додан" аст.

Ғайбулло Афзалов, раиси ҳукумати Хатлон
Дар ҳамин ҳол, Ғайбулло Афзалов, раиси вилояти Хатлон, ки ахиран аз ноҳияи Панҷ дидан кард, гуфт, азбаски сатҳи оби рӯдхонаи Панҷ поин фаромадааст, нерӯи насосҳои обрасон барои обёрии майдонҳои кишт намерасад.

Ҳокими вилоят афзуд, хушксолие, ки дар даҳ соли ахир собиқа надоштааст, имсол метавонад амнияти ғизоиро халалдор намояд. Дар ҳамин ҳол, Вазорати обу обёрӣ мизони истифода аз обро дар навоҳии кишоварзӣ зери назорат гирифта, низоми обёрии бонавбати заминҳои кишти Хатлонро роҳандозӣ кардааст.

Ба сабаби норасоии об бисёре аз раҳбарони хоҷагиҳои деҳқонӣ водор шудаанд, заминҳои худро ба кишоварзони дигар ё соҳибкорони сарватманд ба иҷора бидиҳанд.

"АГАР ҲАМИН ХЕЛ ИДОМА КУНАД..."


Валаматхон Фахриддинова, сокини ноҳияи Панҷ, аз ҷумлаи чунин кишоварзон аст: "Бисёриҳо ба сабаби беобӣ зироатҳояшонро аз даст доданд. Агар ҳамин хел идома кунад, имсол ҳосили чашминтизор нахоҳем бардошт. Мо ҳам замин дорем, аммо барои об доданаш одам ва нерӯ надорем. Як писарам доим дар дар Русия кор мекунад, ҳоло омадааст ба ватан ва танҳо ба кишти нахӯд ва лӯбиё дасташ расидааст. Агар оби фаровон медоштем, гандуму пахта кишт мекардем, худам нигоҳубин мекардам, лекин об нест, риск накардем."

Ин ҳама дар ҳолест, ки бахши аъзами кишоварзони ғаллакору пахтакор барои анҷоми киштукор қарзҳои бонкӣ дарёфта ва ё тамоми маблағи нақдии доштаашонро сарф кардаанд.

Мастона Бобоназарова, модари 6 фарзанд аз ноҳияи Панҷ, мегӯяд, ягона воситаи таъмини хонаводааш кишоварзӣ буда, солҳои зиёд бо кишти гандуму полезӣ ва пахта дар замини ихтиёриаш фарзандони бепадарашро таъмин мекунад. Аммо имсол, заминашро, ки бо харҷи маблағи зиёд гандуму пахта киштааст, ба гуфтаи ӯ, қасдан беоб монда, мехоҳанд аз дасташ бигиранд.

"НАМЕГУЗОРАНД, ТО АРЗАМОНРО БИГӮЕМ"

Мастона Бобоназарова
Хонум Бобоназароваро дар ҳукумати ноҳияи Панҷ ҳам роҳ надодаанд, то аз мушкили худ ҳарф бизанад: "Ҳукумат намемонад маро, намегузоранд, то арзамро ба раиси ноҳия расонам. Мо ҳам маблағи зиёд сарф кардем, тамоми пуламонро ба кишти замин гузоштем, аммо ба назар намегиранд. Чанд дафъа муроҷиат карданӣ шудам, мегӯянд, ки занакҳо набояд ҳукумат дароянд. Магар занҳо ягон хатар доранд, одамкуш ҳастанд? Мо ҳам шаҳрвандем-ку, арзи дил дорем, фарзанд дорем, заминҳои худамон аст, бекор намонад."

Бо миёнаравии "Озодӣ" Мастона Бобоназарова имкон пайдо кард, то бо масъулони ҳукумати ноҳия дидору гуфтугӯ карда, ваъдаи мусоидат дар ҳалли мушкилашро бигирад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки соли ҷорӣ кишоварзони минтақа ба кишти пахта авлавият дода, мизони кишти ғалларо коҳиш додаанд. Гузашта аз ин, ба иддаои коршиносон, болоравии қимати маводи сӯхт ва манъи воридоти он аз Русия ба Тоҷикистон, ба бахши кишоварзии ҷумҳурӣ таъсири манфӣ расонида, боис ба коҳиши ҳаҷм ва сифати ҳосили маводи ғизоӣ хоҳад шуд.

"ҲАМА РӮ БА ПАХТА ОВАРДААНД"

Шариф Ғафуров
Шариф Ғафуров, сардори идораи молиёти вилояти Хатлон, мегӯяд, бо назардошти болоравии қиммати пахта дар бозори ҷаҳонӣ, кишоварзон ҳама ба пахтакорӣ рӯ оварда, кишти маводи ғизоиро дар навбати дуввум мондаанд, ки, ба бовари ӯ, "дуруст нест".

"Имсол кишт ва парвариши меваҷот, аз ҷумла харбузаву тарбуз, полезиҳо, сабзавот, бахусус гандум хеле коҳиш ёфтааст. Масъала бисёр вазнин аст. Мебахшед, агар пахтаро фурӯхта даҳҳо халта пул ғундорем, аммо, Худо накарда, камчинию қаҳтӣ дар орду ғалла ба миён ояд, ба даҳҳо халта пуламон аз куҷо шиками мардумро сер карда метавонем? Ақаллан захираи яксолаи гандум бояд дошта бошем, зеро имсол тамоми кишварҳои асосии содиркунандаи орду гандум бо хушксолӣ рӯ ба рӯ ҳастанд ва давоми сол масъалаи амнияти озуқаворӣ ва болоравии нархи орду гандум натанҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон ба миён хоҳад омад"
,-афзуд ӯ.

Аммо масъулони идораи молиёт ва ҳукумати вилояти Хатлон мегӯянд, барои таъмини амнияти ғизоӣ ва бо пули давлат аз кишварҳои хориҷӣ ворид кардани орду гандум, дар буҷаи соли 2011-ум маблағҳои ҷудогона ё изофие дар назар дошта нашудааст.
XS
SM
MD
LG