Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қаззофӣ зинда, аммо писару се наберааш кушта шуданд


Муаммар Қаззофӣ
Муаммар Қаззофӣ

Давлати Либия эълон кард, ки Муаммар Қаззофӣ аз як ҳамлаи мушакии НАТО ҷон ба саломат бурдааст.

Аммо дар пайи ин ҳамла Сайфул Араб, писари 29-солаи Муаммар Қаззофӣ ва ҳам се набераи ӯ кушта шудаанд.
Як роҳи ҳалли низои бемаънӣ, вале хеле хунини Либия, ба бовари нозирони умур, метавонист кушта шудани худи Муаммар Қаззофӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии НАТО шавад...


Ба гуфтаи сухангӯи давлати Либия, вақте Қаззофӣ ва ҳамсараш дар хонаи Сайфул Араб дар Троблус ё Триполӣ будаанд, як ҳавопаймои нерӯҳои НАТО ба ин хона мушак андохтааст.

Сухангӯи давлати Либия афзуда, ки дар ин ҳамла ба Муаммар Қазофӣ ва ҳамсараш осебе нарасидааст. Сайфул Араб писари шашуми Қаззофӣ буд, ки солҳои ахир бештари вақти худро дар Олмон сипарӣ кардааст.

Ин дар ҳолест, ки Паймони НАТО, ки раҳбарии амалиёт дар Либияро бар ӯҳда дорад, рӯзи шанбе пешниҳоди оташбаси Қаззофиро радд кард.

ҚАЗЗОФӢ: "ДАРИ СУЛҲ БОЗ АСТ"

НАТО гуфтааст, бояд ибтидо нерӯҳои содиқ ба Қаззофӣ ҳамлаҳои худ алайҳи мардуми мулкиро қатъ кунанд. Ба гуфтаи як намояндаи НАТО дар Брюссел, ки хабаргузории Ассошиэйтед Пресс бидуни бурдани ном аз ӯ иқтибос мекунад, НАТО “хостори ба чашм дидани иқдомҳост, то шунидани ҳарфҳо.”

Муаммар Қаззофӣ субҳи шанбе дар як паёме, ки тавассути телевизиони давлатии Либия мустақиман нашр шуд, ба оташбас ва музокирот бо кишварҳои узви НАТО даъват кард ва гуфт, “дари сулҳ боз аст.”

Дар ин суханрониаш, ки беш аз як соат тӯл кашид, Қаззофӣ гуфт, нирӯҳои ӯ ба оташбас бо НАТО омодаанд, вале бояд ҳамаи ҷонибҳои низоъ қатъи тирандозӣ кунанд. Муаммар Қаззофӣ ҳамчунин гуфт, дар сурати қатъ шудани ҳамлаҳои ҳавоии НАТО, худи мардуми Либия тавони ҳалли мустақилонаи масоилашро хоҳад дошт. Вале ӯ боз ҳам пойфишорона гуфтааст, ки қасди истеъфо аз раҳбарии Либия ё тарки ин кишварро надорад.

ЛИБИЯИ ҲАМЧУНОН НООРОМ

Бо ин ҳол, гурӯҳҳои чирикие, ки таҳти ҳимояти НАТО қарор доранд, аз миёнаҳои моҳи феврал ба ин сӯ бо ҳадафи хатми ҳукумати 41-солаи Муаммар Қаззофӣ алайҳи нирӯҳои ӯ меҷанганд. Набардҳо байни онҳо бо бартарии гоҳ як ҷониб ва гоҳ ҷониби дигар идома дорад, вале ба сурати умум, ҳеҷ кадоме аз ҷонибҳо ба пешрафте чунон даст наёфтааст, ки аз тағйири ҷиддие дар харитаи ҷанги Либия аломат диҳад.



То кунун ҳатто дахолати нирӯҳои байналмилалӣ, ки таҳти фармони паймони низомии НАТО ва бар асоси қатъномаи Шӯрои Амнияти СММ ба хотири ҷилавгирӣ аз ҳамлаҳои хунини нирӯҳои Қаззофӣ алайҳи мардуми мулкӣ вориди амал шудаанд, натавонистааст дар харитаи ҷангҳои заминӣ дар Либия тағйири қобили мулоҳизае ворид карда, ба пешрафти чирикҳо дар набард бо Қаззофӣ мусоидат кунад.

ҒАРБИҲО АЛОҚАМАНДИ ИРСОЛИ САРБОЗ НЕСТАНД

Бритониё ва ба дунболаш, Итолиёву Фаронса ахиран розӣ шуданд, ба хотири ташкили хубтари набарди чирикҳо ва ҳамоҳанг сохтани амалиёти онҳо ба Либия мушовири низомӣ бифиристанд. Аммо бо вуҷуди дархости чирикиҳо барои афзоиши шумора ва шиддати ҳамлаҳои ҳавоӣ ва тавсиаи амалиёт, ҳеҷ кадоме аз қудратҳои ғарбӣ то кунун ҷиҳати ирсоли нирӯи заминӣ ба Либия алоқамандӣ нишон намедиҳад.

Русия, ки узви доимии Шӯрои Амният ва соҳиби ҳаққи веттост, низ ҳушдор додааст, ки ҳар навъ талоши эъзоми асокир ба хоки Либия аз марзи мандати СММ хориҷ мешавад ва Маскав аз чунин тасмим пуштибонӣ нахоҳад кард.

Ба ин далел НАТО мулзам аст, ба ҳамлаҳояш дар Либия дар чаҳорчӯби ҳамон марзҳои муҷози қаблӣ идома диҳад.

"ШИКОР"-И ҚАЗЗОФӢ ОСОН НЕСТ

Як роҳи ҳалли низоъи бемаънӣ, вале хеле хунини Либия, ба бовари нозирони умур, метавонист кушта шудани худи Муаммар Қаззофӣ бар асари ҳамлаҳои ҳавоии НАТО шавад. Аммо ба маҳзи бункерҳову пинҳонгоҳҳои мутааддиде, ки ҳокими худбини Либия барои худ сохтааст, расидан ба ҷони худи Қаззофӣ коре чандон содаву осон нест.

Дар ҳар сурат, бино ба хабарҳо, дар ҷараёни суханронии рӯзи шанбеи Қаззофӣ дар телевизион, ҳавопаймоҳои НАТО аҳдоферо дар атрофи сохтмони телевизиони давлатии Либия дар пойтахт, шаҳри Троблус ҳадафи бамборон қарор додаанд. Матбуоти таҳти назорати режими Қаззофӣ мегӯяд, ин ҳамлаҳои ҳавоӣ зоҳиран қатли ӯро ба ҳадаф дошт.
XS
SM
MD
LG