Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тазоҳуроти эътирозии "Рӯзи ғазаб" дар Сурия


Рӯзи ҷумъа ҳазорон нафар дар шаҳрҳои Сурия ба хиёбонҳо рехтанд ва ислоҳоти сиёсиву демократӣ тақозо карданд. Онҳо бар зидди саркӯбии эътирозгарон низ садо баланд карданд. Қаблан нируҳои ҳукуматӣ дар шаҳрҳои мухталиф тазоҳуроти зиддиҳукуматиро саркӯб карданд. Гузоришҳо аз қавли фаъолони ҳуқуқи башар ва мақомоти низомӣ хабар додаанд, ки дар даргириҳои имрӯз дар шаҳри Даръо дастикам 4 сарбоз ва 7 тазоҳуркунанда ба қатл расидаанд. Бино ба гузоришҳо, нируҳои амниятӣ дар шаҳри соҳилии Латакиа низ ба сӯи тазоҳуркунандагон оташ кушодаанд. Гурӯҳҳои ҳуқуқи башар мегӯянд, дар давоми шаш ҳафтаи тазоҳуроти эътирозии зидди режими Башор Асад беш аз 500 нафар кушта шудаанд.
XS
SM
MD
LG