Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ширкатҳои мобилӣ аз "фишори нав" нороҳатанд


Аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон даъват шудааст, ки кори худро аз тариқи «Тоҷиктелеком» ба роҳ монанд.

Дар номае, ки бо имзои сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон Бег Зуҳуров ба ширкатҳои мобилӣ расидааст, таъкид мешавад, ки сар аз аввали моҳи оянда «иҷозатҳои додашуда барои истифодабарии васоити радиоэлектронии ҳамаи намудҳои пайвастшавӣ дар ноҳияҳои сарҳадӣ қатъ карда мешаванд.»
Аз Тоҷикистон истода муштариён дар Афғонистон гап мезананд, сӯҳбат мекунанд. Ва ин кор аз тарафи операторон ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад...


Дар нома зикр мешавад, ки ин тасмим ба манзури «таъмини бехатарии давлат» гирифта шудааст. Масъулони ширкатҳои мобилӣ мегӯянд, мавзӯъ ба истиснои "қатъи иҷозатҳои додашуда" норӯшан ва ба сурати умум мояи нигаронист.

Нуктаи дигаре, ки аз нигоҳи масъулони ширкатҳои мобилӣ рӯшантар ва ҳамин гуна нигаронкунандатар мебошад, ин аст, ки баъд аз "қатъ" «ҳама намудҳои пайвастшавӣ» дар манотиқи марзӣ танҳо тавассути оператори давлатӣ яъне «Тоҷиктелеком» мумкин хоҳад шуд.

Ба ибораи дигар ширкатҳои мобилӣ вазифадор хоҳанд буд, ки муштариёни хешро танҳо аз тариқи ширкати давлатии «Тоҷиктелеком» ба ҳам васл кунанд.

Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфт, ки номаи Хадамоти алоқа дар ҳоли ҳозир мавриди баррасии ҳуқуқшиносон аст, зеро ҳадаф ва қонунмандии он номуайян аст.

Бино бар қонунҳои ҷорӣ, Хадамоти алоқа салоҳияти бекор кардани муҷаввизи ин ширкатҳоро надорад.

Ҷаноби Эркаев мегӯяд: «Пеш аз он ки Идораи мухобирот чунин тасмим бигирад, мебоист бо масъулони ин ширкатҳо ва Анҷумани мо масъаларо дар миён мегузошт. Зеро ин гуна аснод барои ширкатҳо ҳам зарари молӣ меорад ва ҳам имиҷи онҳоро дар сатҳи байналмилаӣ паст хоҳад кард.»

Бег Зуҳуров, раиси Хадамоти алоқаи Тоҷикистон.
Аммо Бег Зуҳуров, сардори Хадамоти алоқаи Тоҷикистон нигаронии масъулони ширкатҳои мобилии ин кишварро беасос хонд ва гуфт, ки ин тасмим ба хотири назорати гуфтугӯҳои муштариёни ширкатҳои мобилии Тоҷикистон танҳо бо кишвари Афғонистон гирифта шудааст. Зеро бархе аз ширкатҳои мобилии Тоҷикистон бидуни дарёфти муҷаввиз самти фарогирии фиристандаҳоро тавре дуруст кардааанд, ки он то 80 километр дар дохили қаламрави Афғонистон низ фаъолият мекунад:

Ҷаноби Зуҳуров гуфт: «Аз Тоҷикистон истода муштариён дар Афғонистон гап мезананд, сӯҳбат мекунанд. Ва ин кор аз тарафи операторон ғайриқонунӣ ҳисоб мешавад. Фақат дар сарҳад, фақат дар сарҳади Афғонистон, ки дар онҷо гуфтугӯи муштариён ғайриқонунӣ аст. Бояд, ки инҳо онро қонунӣ кунанд. Дар бораи лисензия ин ҷо гап намеравад. Бояд аз нуқтаи назари ҳуҷҷатгузорӣ корҳои худро қонунӣ ба роҳ монанд. Боз мегӯям, ки фақат дар сарҳади Афғонистон. Яъне база монда шудааст. База бояд, ки тарафи Афғонистон дар ҳамон кунҷе бошад, ки фақат дар маҳдудмияти Тоҷикистон алоқа бошад.»

Бо ин ҳама Ғафур Эркаев, раиси Анҷумани ширкатҳои мобилии Тоҷикистон мегӯяд, дастури Хадамоти алоқа бояд аз тарафи ниҳодҳои дигари кишвар аз ҷумла Оҷонсии зиддиинҳисории ин кишвар мавриди санҷиш қарор бигирад. Ба мушоҳидаҳои ӯ ширкатҳои мобилӣ кадом иқдоми зиддиқонунӣ накардаанд, ки боис ба лағви муҷаввизи онҳо бишавад. Ҷаноби Эркаев гуфт, ки ӯ ва Анҷумани интернет провайдерони Тоҷикистон бо ирсоли як нома ба раиси ҷумҳурии Тоҷикистон ва Кумитаи давлатии амнияти миллии ин кишвар хостааст, ки ба ин «дастур»-и Хадамоти алоқаи Тоҷикистон сареъан вокуниш нишон диҳад.

Як манбаъи наздик ба як ширкатҳои мобилии Тоҷикистон гуфт, бо таваҷҷӯҳ ба тавоноии ширкати «Тоҷиктелеком» дар гумон аст, ки он битавонад барои ҳамаи ширкатҳои мобилӣ ва муштариёни он хидмат расонад. Аз сӯи дигар афзуд ин манбаъ ширкатҳои мобилии Тоҷикистон ҳоло бештар аз 6 миллион муштарӣ доранд ва ҳар кадоме аз онҳо барои иртиботи мустақил бо моҳвораҳо ва арзаи хадамоти арзон миллионҳо доллар масраф кардаанд, ки бо ба иҷро гузоштани ин дастур, ҳамаи ин хидматрасониҳо бо мушкилии ҷиддӣ мувоҷеҳ хоҳанд шуд.

Гузашта аз ин гуфт ин манбаъ, дар сурате, ки давлат барои ривоҷи бахши хусусӣ талош дорад, додани имтиёзи вижа ба «Тоҷиктелеком як ниҳоди давлатӣ муғойир бо табиати иқтисоди озод аст. Ин манбаъ афзуд дар сурати татбиқи амри мазкур, ширкатҳои мобилӣ аз робитаи мустақим ва мустақилона бо моҳвора маҳрум хоҳанд шуд, ки дар натиҷа нархи гуфтугӯ ва истифода аз интернет афзоиш меёбад.
XS
SM
MD
LG