Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Баҳсҳо роҷеъ ба душаҳрвандии раиси гумруки Қирғизистон


Порламони Қирғизистон аз ҳукумати ин кишвар дархост кардааст, то дақиқ кунанд, ки оё раиси Хадамоти гумрукии Қирғизистон бо доштани душаҳрвандӣ метвонад дар ин мақоми худ боқӣ бимонад. Ин пешниҳод бо назардошти баъзе шикоятҳо матраҳ шудааст. Тинчтик Шаиназаров-муовини раиси порламон рӯзи панҷшанбе изҳор дошт, ки Кубаничбек Кулматов шиносномаи Русия дорад. Қонуни Қирғизистон ба касе иҷоза намедиҳад, ки бо доштани душаҳрвандӣ раёсати созмон ё мудириятро бар ӯҳда дошта бошад.
XS
SM
MD
LG