Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия содироти бензинро қатъ мекунад


Хабари қатъи содироти бензин аз Русия дар моҳи оянда вокунишҳоеро дар ҷомеаи Тоҷикистон ба бор овардааст.

Русия моҳи оянда аз содироти бензин даст кашида, тамоми захираҳоро барои қонеъсозии талаботи бозори дохилӣ равона месозад.
Манъи содироти бензини Русия дар моҳи оянда, агарчӣ муваққатӣ ҳам бошад, зарбаи дигаре ба иқтисоди Тоҷикистон хоҳад буд...


Ин изҳороти муовини вазири энержии Русия, Сергей Кудряшов, дар посух ба нигарониҳои ҳудудан бист минтақаи Русия садо дод, ки дар бораи камбуди захираҳои бензин гузориш доданд.

Вазорати энержӣ ва саноати Тоҷикистон гуфтааст, мақомоти ин кишвар ва Русия дар миёнаҳои моҳи апрел ба тавофуқи нав дар заминаи содироти бензин даст ёфтанд ва ҳоло ҷониби Тоҷикистон дар бораи тасмими нави Маскав расман огоҳонида нашудааст.

Фарҳод Мирзоев, раҳбари ширкати "Газпромнефт"-и Тоҷикистон низ дар сӯҳбат ба хабаргузории "Азия-Плюс" гуфтааст, то ҳанӯз барои овардани бензин аз Русия мушкиле надоранд. Ӯ гуфтааст, шояд ин қарори Маскав муваққатӣ бошад, "вагарна хеле таассуфовар аст."



Ҷаноби Мирзоев дар сурати манъи содироти бензини Русия, болоравии қиммати он дар Тоҷикистонро низ амри воқеӣ дониста ва гуфтааст, ки давраи аввали афзоиши қиммати бензин дар ин кишвар то 10-12-уми май сурат хоҳад гирифт.

Ҳоҷимуҳаммад Умаров
Иқтисоддони тоҷик Ҳоҷимуҳаммад Умаров, ин қарори давлати Русияро "ноҷавонмардона" хонд. Вай гуфт, ки дар пайи иҷрои ин қарор дар моҳҳои май ва июн дар Тоҷикистон норасоии маводи сӯхт эҳсос хоҳад шуд.

Вай афзуд, ҳарчанд Тоҷикистон имкон дорад, ки маводи сӯхти лозимро дар ин давра аз Озарбойҷон ва ё Эрон ворид бикунад, вале барои ба роҳ мондани чунин муносибат фурсати кам мондааст.

Ба қавли коршиносон, манъи содироти бензини Русия дар моҳи оянда, агарчӣ муваққатӣ ҳам бошад, зарбаи дигаре барои Тоҷикистон хоҳад буд. Зеро болоравии қиммати маводи сӯхт дар Тоҷикистон, ки ба дунболи ҷорӣ намудани боҷи содиротӣ аз сӯи Русия иттифоқ афтод, то кунун боис ба болоравии қиммати дигар молу коло дар бозорҳо шудааст.

Дар ҳоли ҳозир Тоҷикистон ҳудуди 90 дарсади маводи сӯхтро аз Русия ворид мекунад ва дар сурате, ки содироти бензин аз ин кившар қатъ гардад, нархҳо дар бозори Тоҷикистон башиддат боло хоҳанд рафт.

Аз ҳоло мақомоти шаҳрдории Душанбе низ гуфтаанд, ки эҳтимол қиммати роҳкиро дар пойтахти Тоҷикистон афзоиш ёбад. Як масъули шаҳрдорӣ дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфта, ки ҳоло шаҳрдории Душанбе санадҳо барои боло бурдани нархи роҳкиро дар пойтахтро ба ҳукумат ва Идораи зиддиинҳисорӣ пешниҳод кардааст.
XS
SM
MD
LG