Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Майли Эрон ва Миср ба оштӣ ва ҳамкорӣ


Киштии эронӣ ҳангоми убур аз канали Суетс, 22-юми феврали соли 2011.
Киштии эронӣ ҳангоми убур аз канали Суетс, 22-юми феврали соли 2011.

Нишонаҳои нармиш миёни Миср ва Эрон пас аз суқути Муборак Исроил ва Саудияро нигарон кардаанд.

Эрон ва Миср, ки дар се даҳаи охир сояи ҳамдигарро аз девор метарошиданд, пас аз суқути Муборак ба якдигар аломати оштӣ медиҳанд.

Ин аломатҳо қабл аз ҳама метавонанд
Барои Исроил иттиҳоди ҳар кишвари минтақа бо Эрон, ба хусус кишварҳое, ки бо Исроил марзи муштарак доранд, хушоянд нест. Ҳар қадами изофии Эрон дар минтақа боиси нигаронии Исроил мешавад...
равобити дипломатии ду кишварро, ки баъди инқилоби соли 1979 қатъ шуда буд, дубора барқарор кунанд.

Теҳронро аз Қоҳира ҳудудан 2 400 километр ҷудо мекунад. Фосилае, ки ба истилоҳ даст дароз кунӣ ба хонаи ҳамсоя мерасад. Аммо дар тӯли 30 соли охир ин фосила дар зери сояи Холид Исломбоулӣ, қотили президенти собиқи Миср, Анвар Содот, боз ҳам фаротар кашида шуд.

ҚОТИЛ ВА ҚАҲРАМОН


Афсари артиш Холид Исломбоулӣ дар соли 1981, дар пайи интиқом аз имзои созишномаи сулҳи Кемп Дейвид, миёни Миср ва Исроил, президент Содотро аз байн бурд. Ин афсари артиш ҳамроҳ бо се нафари дигар дар солҳои минбаъда эъдом шуд, аммо дар ёди мисриҳо ҳамчун чеҳраи манфур боқӣ монд.

Дар муқобил, ба Холид Исломбуолӣ дар Эрон ҳамчун ба як қаҳрамони шаҳидшуда арҷ гузоштанд, аксҳояшро дар деворҳо заданд ва кӯчаи марказии Теҳронро бо исми ӯ номгузорӣ карданд. Миср ин амали Теҳронро тавтеъа хонд ва роҳро ба сӯи азсаргирии равобити дипломатӣ бо Эрон масдуд кард.

Аммо ба назар мерасад, ки наздик аст рӯҳи Холид Исломбуолӣ ба “истироҳати доимӣ” биравад.

НИШОНАҲОИ ГАРМОИШ


Ҳоло, ки дигар Миср он Мисри пешина нест ва Ҳуснӣ Муборак, ки Эронро душмани ашаддӣ мехонд, низ дигар салоҳияте бар ин давлат надорад, мақомоти нав гуфтаанд, ки ба
Нобил ал-Арабӣ, вазири умури хориҷии Миср.
эҳёи равобити дипломатӣ бо Эрон омода ҳастанд. Изҳороте, ки метавонад манофеъи Исроил ва Иёлоти Муттаҳидаро зер зарба гузорад.

Вазири умури хориҷии Миср, Нобил ал-Арабӣ, моҳи марти соли равон хоҳони густариши равобит бо Эрон шуд. Як моҳ қабл аз ин, дар ҳоле, ки мардуми Миср шаҳди пирӯзӣ бар Муборакро мечашид, барои аввалин бор дар 30 соли охир Миср ба киштии Эрон иҷозат шуд, ки дар роҳи ҳаракаташ аз Канали Суетс убур кунад.

Ин иқдом садои зангӯлаҳои нигаронии Ғарбро баландтар кард. Гузашта аз ин, моҳи равон сухангӯи Вазорати умури хориҷӣ дар Қоҳира баён дошт, ки Миср омодааст, дидгоҳи худро дар баробари Эрон дигар кунад. Ӯ гуфт “режими қаблӣ Эронро душман арзёбӣ мекард, на мо.”

Дар посух Эрон аломат дод, ки омодааст, ба Миср сафир бифиристад.

НИГАРОНИҲОИ ИСРОИЛ


Нармишу гармоиш дар равбоити Мисру Эрон барои Иёлоти Муттаҳида ва Исроил кобусро мемонад. Моҳер Ҷовидонфар, таҳлилгари эронии муқими Исроил мегӯяд, танҳо ҳузури сафири Эрон дар Миср кофӣ хоҳад буд, ки Исроил ба такопӯ дарояд.

“Барои Исроил иттиҳоди ҳар кишвари минтақа бо Эрон, ба хусус кишварҳое, ки бо Исроил марзи муштарак доранд, хушоянд нест. Ҳар қадами изофии Эрон дар минтақа боиси нигаронии Исроил мешавад. Зеро эҳтимолан ба назари ҳукумати Исроил онҳо бо истифода аз нуфузи худ мардумро зидди Исроил мешӯронанд, ё бо истифода аз ин қаламрав аз Исроил маълумоти истихборотӣ ҷамъ мекунанд, ё ҳатто дар мавриди ҳуҷум ба пойгоҳҳои ҳаставии Эрон, эҳтимолан ин қаламрав метавонад, барои ҳуҷум ба Исроил истифода шавад.”

Амиқтарин шикояти Исроил аз қасди вазири умури хориҷии Миср, Нобил ал-Арабӣ барои ислоҳи равобити хасмонаи Муборак алайҳи
Мушоракати стратегӣ иқдомоти бештари ҳар ду тарафро тақозо мекунад. Гумон намекунам, ки дар шароити феълӣ ин гуна иттиҳод имконпазир бошад...
Ҳамос, созмони исломии ҳокими Ғазза аст, ки аз пуштибонии қавии Эрон бархӯрдор шудааст. Аз сӯи дигар ҷаноби Ҷовидонфар мегӯяд, ки ин гуна ҳаракат метавонад, ба як сабқати байни Эрону Миср анҷом шавад ва Миср талош кунад, ки Ҳамосро аз зери нуфузи Теҳрон берун бикашад.

ОШТӢ, ҲАМКОРӢ Ё ЭЪТИЛОФ


Таҳлилҳои дигар ҳокӣ аз онанд, ки нигарониҳо аз иттиҳоди Эрону Миср поя надоранд. Мустафо ал-Лаббад, раҳбари Маркази омӯзишҳои минтақаии стратегӣ дар Қоҳира мегӯяд, ки оғози як “саҳифаи тоза” дар равобити Миср бо Эрон, муносибати аввалиро, бо кишварҳои Халиҷи Форс, ба мисли Арабистони Саудӣ, ки ба маромҳои Эрон машкук шудаанд, тағйир нахоҳад дод ва гумон аст, ки дар натиҷа иттиҳоди стратегии ду кишвар ҳосил шавад.

“На, албатта. Сохтори сиёсии ин ду кишвар аз ҳам мутафовиданд. Ба фарқ аз Эрон Миср дар зери чатри Ғарб қарор дорад. Зиддунақизиҳое ҳам дар манофеи миллии байни Эрону Миср ва Ироқ дар Халиҷи Форс вуҷуд доранд. Ин ҳадди аксар танҳо як равобити муқаррарӣ хоҳад буд, на иттиҳоди стратегӣ. Мушоракати стратегӣ иқдомоти бештари ҳар ду тарафро тақозо мекунад. Гумон намекунам, ки дар шароити феълӣ ин гуна иттиҳод имконпазир бошад.”

Ба бовари ин коршинос ҳеҷ чизе наметавонад ба равобити Исроил бо Миср таъсиргузор бошад ва ҳеҷ нафаре дар Миср аҳамияти созишномаи Кемп Дейвидро ба чолиш намекашад.

Коршиноси умури минтақа, Моҳер Ҷовидонфар мегӯяд, агар дар заминаи эҳёи равобит ба бурду бохти ду тараф бинигарем, дуруст мебинем, ки аз шурӯи равобит кӣ чӣ фоида ва чӣ зарар мебинад. Ба назари Ҷовидонфар беҳбуди равобит бо Миср барои Эрон дар марҳилаи бисёр муҳим фаро мерасад.

Ин равобит метавонад Эронро аз инзиво раҳо кунад ва бо доштани сафоратхона дар Миср ва киштиҳои ҷангӣ дар Канали Суетс, Эрон боз ҳам метавонад дар минтақа нуфузҷӯӣ кунад ва мушту бозӯи худро ба намоиш дарорад.

Коршиносони дигар дар шумурдани манфиатҳои Миср ба беҳбуди равобит бо Эрон мегӯянд, ки ин наздикшавӣ ба Қоҳира имкон хоҳад дод, ки нуфуз ва обрӯи қаблии худ дар ҷаҳони арабро бозпас бигирад ва дубора аз бозигарони аслии минтақа шавад.
XS
SM
MD
LG