Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронии Бан Ки Мун аз хушунатҳо дар Сурия


Бан Ки Мун, Дабири Кулли СММ, аз хушунат алайҳи тазоҳургарон дар Сурия изҳори нигаронӣ кард.

Ӯ рӯзи сешанбе дар машваратҳои Шӯрои амнияти СММ оид ба авзоъ дар Сурия ширкат дошт. Қарор аст, ки машваратҳо имрӯз ҳам идома кунанд.

Ба гуфтаи дипломатҳо, ба назар мерасад, ки Русия ва Чин аз қатъномаи шадидуллаҳни Шӯрои амният дар робита ба Сурия пуштибонӣ нахоҳанд кард.

Дирӯз дар маҳаллаҳои атрофи Димишқ ва шаҳри Ҷабла садҳо ҷонибдорони мухолифини ҳукумати Сурия боздошт шуданд. Дар ин бора ҳомиёни ҳуқуқи башар иттилоъ доданд.

Хабаргузории Рейтер навиштааст, ки нерӯҳои амниятӣ дар атрофи шаҳри Баниёс, ки он ҷо эътирозҳои густурда идома доранд, мустақар шудаанд ва шояд онҳо барои саркӯбсозии тазоҳурот сафарбар шаванд.

Бар асари бархурди кормандони амниятӣ ва полис бо эътирозгарон дар Сурия дасти кам 400 нафар ба ҳалокат расидаанд.

Видеоҳои охирин

Ба мо нависед

Хабару акс ва видеоҳои худро аз тариқи IMO, Вайбер ва Вотсапп ба ин шумораи мо фиристед: +420 724 053 959

XS
SM
MD
LG