Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Лигаи олӣ: Натоиҷи бозиҳои даври 6-ум


Бозиҳои даври 6-уми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ рӯзҳои 9-уму 10-уми май баргузор шуданд.

«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, пешсафи мусобиқа, дар майдони худ бар «Гвардия»-и Душанбе бо ҳисоби 2:0 ғолиб омад. Нӯъмонҷон Ҳакимов дар дақиқаи 31-ум ҳисобро боз кард. Меҳроб Заҳурбеков, капитани «Вахш», дар дақиқаи 79-ум голи дуввумро ба дарвозаи «Гвардия» зад. Бояд гуфт, ки ҳамлагари «Вахш» Рустам Усмонов барои хушунат бо рақиб бо ҳукми сардовари ин бозӣ Диловар Орзуев дар дақиқаи 28-ум аз майдон ронда шуд. Пас аз 10 дақиқа бозигари «Гвардия» Беҳрӯз Ҳабибуллоев барои дуввумин корти зард майдонро тарк намуд.

«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бар тими мизбон - «Равшан»-и Кӯлоб - бо ҳисоби 2:1 пирӯз шуд. Ду голи «Регар»-ро Комил Саидов дар дақиқаи 30-юм ва Иброҳим Рабимов дар дақиқаи 43-юм ба самар расонданд. Ширин Наимов, бозигари «Равшан», дар дақиқаи 66-ум ҳисобро тағйир дод.

«Истиқлол»-и Душанбе дар варзишгоҳи марказии пойтахти кишвар ССКА «Помир»-и Душанберо бо ҳисоби 3:2 мағлуб кард. Бозигари дастаи низомиён Искандар Гадоев дар дақиқаи 17-ум ҳисобро кушод. Вале баъди 12 дақиқа ҳамдастааш Исомиддин Қурбонов тӯбро ба дарвозаи тими худ зада, ҳисобро баробар намуд. Юсуф Рабиев, бозигари «Истиқлол», дар дақиқаи 52-юм аз ҷаримаи 11-метра тӯбро ба ҳадаф расонда, дастаашро пеш баровард. Вале пас аз 12 дақиқа ҳисоб боз мусовӣ - 2:2 шуд. Ин дафъа бозигари мизбонон Далер Тухтасунов тӯбро ба дарвозаи дастааш зад. Голи Худойдод Нусратов дар дақиқаи 90-ум ба дастаи «Истиқлол» пирӯзӣ овард.

«Хуҷанд»-и Хуҷанд низ дар майдони худ бар «Энергетик»-и Душанбе бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуд. Голҳои тими мизбонро Баҳодур Шарифов (дақиқаи 59-ум), Пирмурод Бурҳонов (78) ва Шӯҳрат Умаров (90+3) ба самар расонданд. Ду голи «Энергетик» ба Сӯҳроб Ҳамидов (дақиқаҳои 19-ум ва 70-ум) мутааллиқ аст.

Бозии «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров бо дастаи мизбон - «Спитамен»-и ноҳияи Спитамен - бо ҳисоби 0:0 хотима ёфт.

Бад-ин тартиб, «Вахш» бо 16 имтиёз мисли пешин дар ҷадвали мусобиқа дар ҷои аввал қарор дорад. Се даста – «Регар» ТадАЗ, «Истиқлол» ва «Хуҷанд», ки дар ҷадвал пасиҳам ҷойгир шудаанд, 13-имтиёзӣ гирифтаанд. Дастаҳои «Вахш» ва «Парвоз» бохт надоранд, вале CСKA «Помир» ва «Гвардия» бошанд, то ҳоло бурд накардаанд.
Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 6-ум

Мавқеъи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқа баъди даври 6-ум

Б

Ғ

М

Б

Т/Т

И

1.

«Вахш»

6

5

1

0

13-5

16

2.

«Регар» ТадАЗ

6

4

1

1

12-6

13

3.

«Истиқлол»

6

4

1

1

12-6

13

4.

«Хуҷанд»

6

4

1

1

11-6

13

5.

«Парвоз»

6

2

4

0

7-4

10

6.

«Спитамен»

6

1

3

2

6-8

6

7.

«Равшан»

6

1

1

4

7-12

4

8.

«Энергетик»

6

1

0

5

10-13

3

9.

CСKA «Помир»

6

0

2

4

6-13

2

10.

«Гвардия»

6

0

2

4

1-12

2


Беҳтарин голзанҳо: Нӯъмонҷон Ҳакимов («Вахш»), Юсуф Рабиев («Истиқлол»), Сӯҳроб Ҳамидов («Энергетик») - 4-голӣ.

Бозиҳои даври 7-ум: 16-уми май – «Гвардия» - «Хуҷанд», ССКА «Помир» - «Вахш», 17-уми май - «Энергетик» - «Равшан», «Парвоз» - «Истиқлол». Бозии охирини даври 7-ум байни «Регар» ТадАЗ ва «Спитамен» ба иллати ширкати қаҳрамони футболи Тоҷикистон дар Ҷоми раиси AFC 3-юми июн баргузор хоҳад шуд.

XS
SM
MD
LG