Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шумори қурбониёни офоти табиӣ ба 15 расид


Кумитаи ҳолоти изтирории Тоҷикистон хабар дод, ки то имрӯз бар асари офоти табиии ношӣ аз селу боришоти ахир дар Тоҷикистон дастикам 15 нафар ҳалок шудаанд.
Рӯзи 10 май се фарзанди як хонаводаро дар ноҳияи Рӯдакӣ сел бурдааст. Шаби 10 май сангрезии шадид дар ноҳияи Айнӣ як чӯпонро ҳамроҳ бо рамааш ба коми марг тела дод. Ва низ шаби 10 май бар асари як сангрезии дигар дар ағбаи Шаҳристон як мошини “Камаз” дучори садама шуд. Ин садама мунҷар ба ҳалокати ронанда ва 2 мусофири ин мошин шуд.
Мақомоти ҳолоти изтирорӣ мегӯянд, аз аввали моҳи апрел ба ин сӯ бар асари офоти табиӣ дар Тоҷикистон дастикам 15 нафар, аксар кӯдакон, ҷони худро аз даст додаанд.
XS
SM
MD
LG