Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афзоиши теъдоди мубталоён ба зукоми хук дар Амрико


Дар ИМА боз 278 ҳодисаи нави гирифторӣ ба маризии зукоми хук сабт гардид ва акнун теъдоди умумии афроди мубтало ба ин беморӣ беш аз дуву ним ҳазор нафарро ташкил мекунад. Ба иттилоъи Маркази назорат ва ҷилавгирии маризӣ, зукоми хук то ҳол дар 44 аёлат мушоҳида шудааст. Се нафар бар асари ин беморӣ ба ҳалокат расиданд. Дар Мексика, ки маризӣ он ҷо пайдо шудаааст, зукоми хук ба риштаи умри 48 нафар миқроз задааст. Дар маҷмӯъ, ба иттилоъи Созмони ҷаҳонии беҳдошт, ба ин беморӣ беш аз чору ним ҳазор сокинони 29 кишвар гирифтор шудаанд. Бо вуҷуди ин Созмони ҷаҳонии беҳдошт мегӯяд, ки дар бораи пандемия ҳарф задан ҳанӯз барвақт аст, зеро то ҳол рушан нест, ки зукоми хук чӣ қадар ва то кадом марзҳо густариш хоҳад ёфт.
XS
SM
MD
LG