Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Талоши Аврупо барои бунёди лӯлаҳои нав


Иттиҳодияи Аврупо бо Гурҷистону Озарбойҷон, Туркия ва Миср дар робита ба вусъат додани бунёди роҳҳо ва лӯлаҳои нави газ ба тавофуқ расидаанд. Намояндагони ин кишварҳо дар як нишасти дар шаҳри Прага ба созиш расидаанд, то “барои бунёди лӯлаҳо ва роҳҳои нақлиётии зарур барои интиқоли гази Ҳавзаи Хазар ва Ховари Миёна ба бозорҳои аврупоӣ ҳимояти зарурии сиёсӣ дар сурати имкон, кӯмакҳои фаннӣ ва молӣ кунанд.“ Иттиҳодияи Аврупо, ки пойбанди гази воридотӣ аз Русия аст, дар ҷустуҷӯи роҳҳо ва манобеъи нави энержӣ мебошад. Дар ҳамоиши шаҳри Прага, мақомоти Иттиҳодияи Аврупо, Озарбойҷон, Мисру Гурҷистон, Туркияву Туркманистон ва Ӯзбакистон ширкат карданд.
XS
SM
MD
LG