Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Худкушии як сарбоз дар Восеъ


Додситонии низомии минтақаи Кўлоб аз марги як сарбози қисми низомии 13483-и Вазорати Мудофиаи Тоҷикистон дар ноҳияи Восеъ хабар дод.

Тибқи иттилоъи Сулаймон Сидиқов, муовини додситони низомии минтақа, ҷасади сарбози қаторӣ Абдухолиқ Ҳошимов рўзи 4 май, тахминан соати 2-и нисфирўзӣ аз назди анбори сўзишвории ин қисм дар ҳолати беҷонӣ ёфт шудааст. Ҷаноби Сидиқов мегўяд, ташхисҳо собит намуданд, ки сарбоз ҳангоми навбатдорӣ ба воситаи худкори Калашников аз зери манаҳ худро ҳадафи тир қарор дода, дар ҷои ҳодиса ҳалок гардидааст. Барои рўшан намудани сабабҳои даст ба худкушӣ задани сарбоз додситонии низомӣ парванда боз намудааст.

Масъулини қисми низомии мазкур изҳор доштанд, ки ҳолати рўҳии сарбоз Ҳошимов қабл аз марг хуб буд ва ҳеҷ кас низ дар қисми низомӣ ба ў фишор намеовард.

Аммо Рустам Наботов, як коршиноси маҳаллӣ, дар робита ба ин қазия мегўяд, худкушии сарбозон дар қисмҳои ҳарбӣ аслан ба ҳолати равонии онҳо бастагӣ дорад. Вай мегўяд, ҳарчанд вазъи хизмати ҳарбӣ дар чанд соли ахир беҳтар шудааст, аммо ҳанўз зӯроварӣ ва таҳдиду фишор ба сарбозон ба назар мерасад. Ва ин фишорхо боис мешавад, то бархе сарбозоне, ки иродаи қавӣ надоранд, даст ба ҷони худ зананд.

Масъулини додситонии ҳарбӣ низ вуҷуд доштани фишору зӯроварӣ ба сарбозонро рад намекунад. Тибқи иттилоъи расмӣ, додситони низомии минтақаи Кўлоб тайи 4 моҳи соли равон дар қиболи се нафар сарбозон бо иттиҳоми латукӯби наваскарон парвандаи ҷиноӣ боз намудааст. Ва аммо худкушии як сарбоз дар қисмҳои низомии минтақаи Кўлоб аз аввали сол барои аввалин бор будааст. Аммо соли гузашта як сарбози дигари ҳамин қисми низомӣ худро ба дор овехта буд, ки то ҳанўз сабабҳои марги ў номаълум аст.
XS
SM
MD
LG