Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Покистон бо Толибон мубориза мебарад


Ҳавопаймои ҷангии Покистон пинҳонгоҳҳои эҳтимолии Толибонро дар водии Свот, шимолу ғарби ин минтақаи таҳти контроли ҷангиён бомборон кард. Аммо рӯзи гузашта дар водӣ задухӯрди шадиде ба миён омад, ки баъди созиши оташбаси моҳи феврали имсол миёни ҳукумати марказӣ ва Толибон бесобиқа будааст. Ҳазорҳо нафар бо истифода аз рахнае дар қуюди шабгардӣ минтақаро тарк карданд ва ҳоло кормандони созмонҳои имдодрасон роҷеъ ба тавсеаи бӯҳрони башарӣ дар минтақа гузоришҳо пахш мекунанд. Дар ҳамин ҳол, вазъи нобасомони минтақаи шимолу ғарби Покистон дар мулоқоти раиси ҷумҳурии ин кишвар Осиф Алии Зардорӣ бо ҳамтои амрикоиаш Барак Обама мавриди баррасӣ қарор дода шудааст.
XS
SM
MD
LG