Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари қирғизистонӣ 29 соли зиндон гирифт


Муҳаммадӣ Салимзода, табааи тоҷиктабори Қирғизистон, бо гуноҳи ҷосусӣ ва қасди сарнагун намудани давлати Тоҷикистон ба муддати 29 сол аз озодӣ маҳрум шуд.

Насим Ҳасанов, додраси додгоҳи олии Тоҷикистон ва масъули муҳокимаи парвандаи мазкур, аз ифшои ҳар навъи иттиллоъ дар мавриди ин қазия, ки пушти дарҳо баста гузашт, худдорӣ кард. Ба қавли номбурда, ин парванда дар шумори муҳокимаҳои махфӣ ворид шудааст.

Аммо Шоира Салимзода, духтари Муҳаммадӣ Салимзода, ки шоҳиди эълони ҳукми додгоҳ буд, дар як сӯҳбат бо радиои Озодӣ аз ҷараёни муҳокима ва тафтишоти бозрасон ибрози нигаронӣ кард. Вай гуфт, ки мақомоти тафтишотӣ то панҷ моҳи баъди боздошт ӯро аз истифодаи хидмати вакили дифоъ маҳрум карда, барои иқрори гуноҳҳои содирнакарда ҳамвора мавриди шиканҷа ва озор қарор додаанд. Хонум Салимзода гуфт, ки додгоҳ бидуни таъйид ва тасбити иттиҳомоти воридшуда падари ӯро ба ҳабси тӯлонӣ маҳкум кард. Зеро падараш дар додгоҳ изҳор доштааст, ки барои раҳоь аз шиканҷа ва озори бозрасон розӣ шудааст, ки ба гуноҳони содирнакарда иқрор шавад.

Шоира Салимзода мегӯяд: «Танҳо чизе, ки онҳо доранд, ин эътирофи гуноҳ аз ҷониби падарам аст. Аммо вақте шахс панҷ моҳ аз вазъи бастагонаш комилан бехабар аст ва адвокат ҳам надорад асабҳои ӯ тавони бардошти ҳар гуна фишори равониву ҷисониро дошта наметавонад. Аз ин рӯ мо бар ин назарем, ки ҳукми додгоҳ мунсифона нест ва аз рӯи он шикоят хоҳем кард».

Дар ҳамин ҳол бархе аз ҳуқушиносони тоҷик баргузории мунсифона ва холисонаи мурофиаи Муҳаммадӣ Салимзода дар додгоҳи олиро зери шубҳа қарор доданд. Абдуқаюм Юсуфов, як тан аз вакилони дифоъ дар Тоҷикистон, гуфт, ки пушти дарҳои баста сурат гирифтани муҳокимаи қазия ба сари худ амали ғайриқонунӣ намебошад. Зеро қонун дар чунин маврид яъне дар ҳолате, ки шахс бо иттиҳомоти махсусан сангин айбдор дониста мешавад ва ифшои ин асрор ба амнияти миллӣ хатарнок аст, ба додрас ин ҳақро додааст, ки мурофиа пӯшида доир шавад. Вале тӯли панҷ моҳ бидуни ширкати мустақими вакили дифоъ таҳти пурсиш қарор додани нафари гумонбар қонуншикании маҳз аст ва аз сӯи дигар вақте як табааи хориҷӣ ба ҷавобгарӣ кашида мешавад, бояд мақомоти ин кишвар дар ҷараёни қазия гузошта шаванд.

Дар ҳамин ҳол Ернисбек Абдуллоев, консули Қирғизистон дар Тоҷикистон, гуфт, ки аз ҷараёни ин қазия огоҳ аст. Ва як корманди консулгарӣ низ барои таҳқиқи қазия вобаста шудааст. Аммо, гуфт ӯ, то расидани асноди зарурӣ маълумоти бештар аз инро пешниҳод карда наметавонад.

Ин ҳам дар ҳолест, ки Шоира Салимзода, духтари Муҳаммадӣ Салимзода, гуфт, ки як иттиҳоми эълоншуда алайҳи падари ӯ ин будааст, ки вай тариқи SMS дар бораи нооромии авзои сиёсии Тоҷикистон дар тобистони соли гузашта ба хориҷ аз Тоҷикистон маълумот фиристодааст. Дар ҳоле, ки падари ӯ танҳо ба хотири ширкат дар як тӯи арӯсӣ аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуда буд. Аммо аз сӯи мақомоти амниятии Тоҷикистон боздошт мешавад. Ҳарчанд ин ҳодиса моҳи август сурат мегирад, аммо то моҳи декабр мақомот дар ин бора ба бастагони Салимзода иттиллое намедиҳанд.

Шоира Салимзода гуфт, ки ӯ ва вакили дифои падараш аз ҳукми додгоҳ розӣ нест ва ӯ баҳсро дар мароҳили баъдии додгоҳ идома хоҳад дод, вале дар сурати бенатиҷа мондани шикояташ қазияро то ба додгоҳҳои байнулмилалӣ хоҳад кашонд. Муҳаммадӣ Салимзода ва бастагонаш талош доранд, ки ӯро ба Қирғизистон бифристанд. Зеро ӯ мариз буда ва аз шароити зиндонҳои Тоҷикистон ба саломатии ӯ созгор нест.

Муҳаммадӣ Салимзода, ки ҳоло 49-сола аст, то соли 1992 дар мақомоти амниятии Тоҷикистон фаъолият намуда, сар аз соли 1993 ҳамроҳ бо оилааш зиндагиро дар Қирғизистон ихтиёр кардааст. Шаҳрвандии ин кишварро пазируфта, то замони бознишаста шудан дар нерӯҳои мусаллаҳи ин кишвар адои хидмат кардааст. Айни ҳол пайвандонаш дар Бишкек - пойтахти Қирғзистон ба сар мебаранд.
XS
SM
MD
LG