Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Афсари собиқи амниятӣ 29 сол гирифт


Бино ба иттилоъи хабаргузории "24 кг"-и Қирғизистон, Муҳаммадӣ Салимзода-афсари нируҳои мусаллаҳи Қирғизистон барои талоши анҷоми кудетои давлатӣ ба 29 соли зиндон маҳкум шудааст. Дар ин бора Шоира Салимзода-духтари маҳкумшуда ба хабаргузории "24 кг" иттилоъ додааст. Додгоҳи Олии Тоҷикистон дар мурофиаи паси дарҳои баста дар ин бора 6-ӯми май ҳукм содир кардааст. Моҳи августи соли 2008 ҳангоме, ки Муҳаммадӣ Салимзода-корманди собиқи амниятӣ барои ширкат дар арӯсии духтараш аз Қирғизистон вориди Тоҷикистон шуд, вайро нируҳои амниятии Тоҷикистон боздошт карданд. Вай тибқи қонунҳои Тоҷикистон барои ҷосусӣ ва талоши анҷоми кудетои давлатӣ маҳкум шудааст.

XS
SM
MD
LG