Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

57 шӯришӣ дар водии Своти Покистон кушта шуданд


Низомиёни Покистон дар минтақаи шимоли ғарби он кишвар бар зидди ҷангиёни Толибон амалиётеро оғоз кардаанд. Дар ин амалиёт чархболҳо ширкат мекунанд ва мавозеъи Толибонро ба оташ мекашанд. Намояндагони артиш мегӯянд, нируҳои амниятӣ дар водии Свот дастикам 35 нафар ва дар минтақаи ҳаммарзи он бо номи Бунер 22 нафарро ба қатл расондаанд. Бино ба хабари ин манбаъ, дар инфиҷори бами роҳ 2 сарбоз ва дар ҳамлае дар наздикии ниругоҳи барқӣ 2 сарбози дигар кушта шудаанд. Мақомоти расмии Покистон мегӯянд, бештар аз 40 000 нафар сокинон аз маҳали даргириҳо дар водии Свот фирор кардаанд.

XS
SM
MD
LG