Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи ҷанҷоли ҷосусӣ ва нафақат ҷосусӣ бо НАТО


Яап де Ҳуп Схеффер
Яап де Ҳуп Схеффер

Дабири кулли НАТО изҳори таассуф кард, ки Русия дар посух ба ихроҷи ду дипломати русӣ аз Бруссел ду дипломати канадоиро аз Русия ихроҷ мекунад.

Дабири кулли Паймони низомии Атлантики Шимолӣ (НАТО) Яап де Ҳуп Схеффер гуфтааст, сарфи назар аз ин иқдоми, ба гуфтаи ӯ, "бесамар"-и Маскав Паймони амниятии Атлантики Шимолӣ ҳамкориҳояшро бо Русия идома медиҳад.

Ҳафтаи гузашта НАТО ду дипломати русиро, ки дар бунгоҳи марказии ин созмон ифои вазифа мекарданд, бо иттиҳоми истифода аз ҷосуси эстонӣ аз қаламрави Белгия ихроҷ кард. Дар чунин фазои буғранҷ Сергей Лавров, вазири умури хориҷии Русия, аз ширкат дар нишасти Шӯрои Русия-НАТО худдорӣ кард.

Дар ҳамин ҳол рӯзи чаҳоршанбе дар шаҳри гурҷии Вазианӣ размоиши нируҳои Паймони низомии Атлантики Шимолӣ ва Гурҷистон оғоз ёфт ва вокуниши густардае дар Русия ба бор овардааст. Русия борҳо НАТО-ро аз баргузории ин размоиш барҳазар дошта ва анҷоми онро барои оромии Қафқоз таҳдидзо дониста буд. Раисҷумҳури Русия Дмитрий Медведев тасмими НАТО барои баргузории ин размоишро ба шиддат интиқод кард ва онро иқдоме таҳрикомез хонд.

Вазири умури хориҷии Русия Сергей Лавров низ Созмони амниятии Атлантики Шимолиро ҳушдор дод, то аз режими феълии Гурҷистон пуштибонӣ накунад. Вай бар ин бовар аст, ки пуштибонӣ аз Гурҷистон барои НАТО пайомади нохушоянд хоҳад дошт.
Размоиши нирӯҳои Созмони амниятии Атлантики Шимолӣ бо артиши Гурҷистон, қарор аст, дар ду марҳала, яке ситодӣ ва дигаре майдонӣ, баргузор шавад. Дар назар буд, ки дар ин размоиш низомиёни 19 кишвар ширкат кунанд, аммо ахиран 6 кишвар (Арманистон, Қазоқистон, Латвия, Молдова, Эстония ва Сербия) аз шикарт дар размоиш канорагирӣ карданд.
XS
SM
MD
LG