Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳушдори Амрико ба ҳукумати Покистон


Ричард Ҳолбрук - намояндаи махсуси Амрико дар умури Афғонистону Покистон мегӯяд, ҳукумати Исломобод бояд бар тааҳуди худ ҷиҳати мубориза ба зидди Толибон ва шарикони онҳо амал кунад. Ричард Ҳолбрук гуфт, дар амри мубориза бо Толибон ҳукумати Амрико бояд ба Покистон фишори шадид биёрад, зеро Иёлоти Муттаҳида бидуни кӯмаки Покистон дар Афғонистон муввафақ нахоҳад шуд. Ричард Ҳолбрук дар остонаи мулоқоти қарибулвуқӯъи раиси ҷумҳурони Афғонистону Покистон бо Барак Обама - раиси ҷумҳури Амрико сӯҳбат мекард, ки имрӯз дар шаҳри Вашингтон баргузор мешавад. Мавзӯъи мубориза бо Толибон дар Афғонистон ва нуфузи афзояндаи онҳо дар Покистонро, як мавзӯъи муҳими ин нишаст медонанд. Мақомоти Амрико аз қавитар шудани ҷангҷӯёни Толиб дар Водии Своти Покистон нигарон ҳастанд. Баъди он ки рӯзи сешанбе мақомоти Покистон аз эҳтимоли ҷангҳои тоза миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва ҷангҷӯён хабар доданд, ҳазорон нафар аз маркази Водии Свот гурехтаанд.
XS
SM
MD
LG