Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Русия ёдгориҳои шоҳони Ҳулбукро бозпас медиҳад


U.K. -- A gold griffin-headed armlet from the Oxus treasure Achaemenid Piersian, 5th-4th century BC, presented by the British Museum, 07Sep2005
U.K. -- A gold griffin-headed armlet from the Oxus treasure Achaemenid Piersian, 5th-4th century BC, presented by the British Museum, 07Sep2005

Ёдгориҳои Қасри шоҳони Ҳулбук аз эрмитажи давлатии Санкт-Петеребург ба мамнўъгоҳи таърихии Ҳулбук баргардонда мешаванд.

Ин бозёфтҳо, ки иборат аз мусаввараҳои деворӣ ва сиккаҳо мебошанд, зимни ҳафриёти бостоншиносӣ дар солҳои 70-уми асри гузашта аз зери вайронаҳои Қасри шоҳони Ҳулбук дар ҷануби кишвар пайдо шуда буданд, вале бо далели он, ки Тоҷикистон яке аз ҷамоҳири Шўравӣ маҳсуб меёфт, бозёфтҳои мазкур ба осорхонаи маъруфи Санкт-Петербурги Русия интиқол дода шуданд.

Шералӣ Хоҷаев, сармутахассиси шўъбаи ҳифзи ёдгориҳои таърихии вазорати Фарҳанг, мегўяд, солҳост дар мавриди баргардонии ин мусаввараҳои деворӣ ба Тоҷикистон, ки арзиши баланди таърихӣ доранд, гуфтугў идома дошт ва ахиран масъулини эрмитажи Санкт-Петербург барои баргардонии ёдгориҳои мазкур дар рўзҳои наздик изҳори омодагӣ намудаанд.

Ҳарчанд ба қавли масъулин, мамнўъгоҳи таърихӣ-фарҳангии Ҳулбук аз ҳисоби бозёфтҳои бостоншиносӣ ғанист, аммо ҳанўз ҳам ҷои мусаввараҳои деворӣ ва сиккаҳои аз ин қасри кўҳан пайдо шуда холист. Бо ин вуҷуд, ки Абдулло Хоҷазода, директории ин мамнўъгоҳ, мегўяд, дар осорхона беш аз 2 ҳазор номгўи бозёфтҳои нодир нигаҳдорӣ мешавад. Вай мегўяд, охирин чизе, ки ба мамнўъгоҳ ворид шуд, 60-номгўи гулдузиҳои нодир мебошад. Ба гуфтаи ў ин гулдўзиҳо, ки ҳамакнун моли осорхона гардидаанд, аз сарҳади Тоҷикистон Афғонистон аз дасти қочоқчиён гирифта шудааст.

Харобаҳои Қасри шоҳони Ҳулбук дар ноҳияи Восеъи минтақаи Кўлоб мутаалиқ ба асрҳои 9 ва 11 мелодист, ки аз аввали асри 20 диққати муаррихон ва бостоншиноснро ба худ ҷалб намудааст.

Бостоншиносон мегўянд, аз лиҳози сохт ва ороишоти дарунӣ ин қаср дар ҷаҳон назир надорад. Ахиран, ҳукумати Тоҷикистон низ аз ЮНЕСКО бахши фарҳангии Созмони миллали муттаҳид даъват кард, то ин ёдгории таърихиро дар феҳрасти ҳифозатии ин созмон ҷой диҳад.

Бад ин хотир рўзи 5-уми майи соли равон дабири созмони ЮНЕСКО аз харобаҳои ин қаср дидан кард ва ин пешниҳодро мавриди омўзиш қарор додааст.
XS
SM
MD
LG