Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ёриҳои нави Амрико ба Душанбе


Tajikistan -- Tracey Jacobson, the U.S. ambassador to Tajikistan, undated
Tajikistan -- Tracey Jacobson, the U.S. ambassador to Tajikistan, undated

Тоҷикистону Амрико ба созишномиа изофии ҳамкорӣ дар соҳоти амниятиву интизомӣ имзо гузоштанд.

Ҳукумати Иёлоти Мутаҳидаи Амрико ҷиҳати тавонмандии сохторҳои амниятӣ ба вижа таҳкими дидбонгоҳҳои марзии Тоҷикистон бо Чин ва Афғонистон бар асоси як созишномаи дуҷониба маблағи беш аз 9 миллондоларро ба ниҳодҳои давлатӣ ва созмонҳои маҳалии ин кишвар пешниҳод кард.

Қисме аз ин маблағ ҳамчунин барои рушди ҳифзи ҳуқуқ ва қонунумандӣ дар Тоҷикистон масраф хоҳад шуд.
Рузи сешанбе зери созишномаи байни ҳукумати Амрико ва Тоҷикистон сафири Иёлоти Мутаҳида дар ин кишвар Трейсӣ Ҷекобсон ва Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, имзо гузоштанд

Хонум Ҷейкобсон баъд аз имзои ин санад дар сӯҳбат ба хабарнигорон гуфт: «Ин созишномаи изофӣ беш аз 9 миллиону 426 ҳазор долларро дар бар гирифта, дар маҷмӯъ ин барнома 37 миллион доларро ташкил медиҳад. Тибқи ин созишнома, мо барномаҳои баргузории давраҳои омӯзишӣ ва ҳамчунин барои воҳидҳои марзбонии мустақар дар минтақаҳои Мурғобу Қизиларт ва Кулма харҷ хоҳад шуд. Ҳамчунин бо ин барнома омӯзишҳо барои вазорати дохила, додситонӣ ва марзбонони Тоҷикистонро ба роҳ хоҳем монд.»

Ҳамчунин Трейсӣ Ҷейкобсон афзуд, як бахши умдаи ин ёрӣ наздик ба 2,5 миллион доллар, барои иҷрои барномаҳои таъмини тартиботи ҷамъиятӣ, ки роҳандозии ҳамкорӣ миёни воҳидҳои милиса ва ҷомиаро дар назар дорад, масраф хоҳад шуд. Бахши дигари ёриҳои Амрико, иборат аз 1 миллиону 800 ҳазор доллар, барои бозсозии посгоҳҳои марзӣ дар мавзеъҳои Ёлу Ҷайралии минтақаи Шӯроободи марз бо Афғонистон будааст. Ҳамчунин вай афзуд, ки барои ислоҳи қонунгузории ҷиноии Тоҷикистон дар ин барнома 1 миллиону 585 ҳазор доллар ихтисос дода шуда, 1 миллион 35 ҳазор доллари дигар ба барномаҳои марбут ба вазорати умури дохилии Тоҷикистон равона хоҳад шуд.

Беш аз 200 ҳазор доллар барои Агентии назорати маводи нашъаовар, 400 ҳазор доллар барои мубориза алайҳи хариду фурӯши одамон ва истифодаи пардапӯшонаи маблағи ғайриқонунӣ бадастомада харҷ мешавад.

Сафири Амрико гуфт, ки ҳамкориҳои мо дар оянда тавсиа хоҳад ёфт ва мо барномаҳои зиёдеро дар Тоҷикистон пиёда хоҳем кард: «Бубинед, ин барнома 37 милион долларро дар бар мегирад, ва давлати Амрико ҳар сол дар Тоҷикистон барномаҳои мухталифро роҳандозӣ мекунад. Мо дар ҳоли ҳозир иҷрои як барнома дар шимоли Тоҷикистонро ба роҳ мондаем ва ҳамчунин ҳамкориҳо дар марзи Тоҷикистон идома дорад. Ҳамчунин мо дар оянда барномаҳои худро дар идораҳои маҳаллӣ фаъол хоҳем кард.»

Хонум Ҷейкобсон афзуд, ба далели он, ки давлати Тоҷикистон дар ин замина алоқамандии зиёд нишон медиҳад, ҳамкориҳо бо Тоҷикистон дар мавриди ҷилавгирӣ аз қочоқи маводи мухаддир аз Афғонистон идома хоҳанд ёфт.

Иёлоти Мутаҳида аз соли 1992 ба ин сӯ барои иҷрои барномаҳои марбут ба таҳкими амният, таъмини волоияти қонун ва тақвияти мубориза бо қочоқи маводи мухаддир 37 миллион доллар ба Тоҷикистон кӯмак кардааст.
XS
SM
MD
LG