Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонӣ, ҷавонон ва сиёсат


Оё дар ин авохир таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷик ба сиёсат ва ба аҳзоби сиёсӣ дар воқеъ афзудааст ва ё ин ҳама маъракаи пешазинтихоботии ин аҳзоб аст?

Муҳиддин Кабирӣ, раҳбари Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон(ҲНИТ), мегӯяд, ба ислом гароидани чавонон боиси таваҷҷуҳи ҳарчӣ бештари онҳо ба танҳо ҳизби расмии мазҳабӣ дар Тоҷикистон шудааст. Ба иддаои раҳбари ҲНИТ, бо роҳандозии барномаи ҷавонгароии ин ҳизб, ки ду сол инҷониб миёни донишҷӯёни тоҷик пиёда мешавад, сафи ҷавонон дар ин ҳизб афзудааст.

Муҳиддин Кабирӣ афзуд, бо таваҷҷӯҳ ба он ки ҷавонон акнун гароиши беш аз пеше ба сиёсат доранд, аҳзоби сиёсӣ бояд дар ҷаҳорчуби қонун ҳамагуна имкониятро барои бароварда сохтани эҳтиёҷҳои онҳо фароҳам оранд. Дар сурати ғайр, ҷавонони гумроҳ метавонанд тӯъмаи созмонҳо ва ё гурӯҳҳои ифротгаро шаванд. Муҳиддин Кабирӣ мегӯяд, ҳар ҷавон мехоҳад худро ҷузъи ин ҷомеа эҳсос кунад ва мани худро дар байни ин анбӯҳ, ки иборат аз мост, пайдо кунад, аммо мутаасиффона, гоҳо ин ҷавонон дар ҷустуҷӯи мани худ ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд. Вазифаи мо низ ин аст,ки барои гумроҳ нашудани онҳо кӯмак кунем, гуфт оқои Кабирӣ.


Аммо бо ин вуҷуд, Муҳиддин Кабирӣ ба ин назар аст, ки дар муқоиса бо аҳзоби сиёсии кишвар, ҳизби халқӣ-демократии Тоҷикистон, ки раёсати онро президент Раҳмон ба ӯҳда дорад, бо истифода аз имконоти васеъи худ тавони ҷалби бештари ҷавонон, ба хусус донишҷӯёни макотиби олиро ба сафи ҳизб доранд. Дар ин радиф Зоҳир Ҳабибов, ҳамоҳангсози бахши ҷавонони ҳизби халқӣ-демократӣ гуфт, аксаран ҷавонон василаи асосии расидан ба ҳадафро маҳз дар узвият ба ҳизби ҳоким мебинанд ва дар навбати худ ин ҳизб барои ҷалби ҷавонон аз усули мухталиф, мисли ташкили давраҳои омӯзишӣ барои сарварони сиёсии ҷавон истифода мекунад. Зоҳир Ҳабибов гуфт: "Имрӯз ҳизби мо дар ҷомеъа нуфузи баланд дорад ва он ҷавоне ҳам, ки аъзои ҳизби мо мешавад, қабл аз ҳама дар мавриди ба даст овардани мавқеъ дар ҳамин ҷомеъа андеша мекунанд."


Вале Раҷаби Мирзо, раҳбари Ҳизби демократ(ҷиноҳи Муҳаммадрӯзӣ Искандаров) дар Душанбе, мегӯяд, бо айби низоми сиёсии имрӯзаи кишвар на ҳама ҷавонон имкони расидан ба аҳдофи худро доранд, ҳатто онҳое ҳам, ки узви, ба истилоҳ, ҳизби ҳокиманд. Ин як навъ навмедиест, ки ба гуфтаи Раҷаби Мирзо, феълан таваҷҷӯҳи ҷавонони тоҷикро на танҳо ба ҳизби наҳзати исломӣ, балки ба дигар аҳзобӣ сиёсӣ низ бештар кардааст: "Чизи дигаре, ки дар ин замина ҳоло ҳам вуҷуд дорад ин аст, ки ҷавонони зиёде ба мо муроҷиат мекунанд, аммо расман намехоҳанд ба ҳайси узв дар ин ҳизб номнавис шаванд.Онҳо мегӯянд, мо ҷонибдорӣ шумоем,а ммо ҳоло аз гирифтани билети ҳизбӣ худдорӣ мекунем."


Ин дар ҳолест ки Сайфулло Сафаров, таҳлилгари Маркази таҳқиқоти стратегии назди дастгоҳи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, ба узвияти ҳизбҳои сиёсӣ шомил шудани ҷавононро амри муваққатӣ ва ё як навъ маъракаи ҳизбӣ медонад, ки ба хусус дар давраҳои наздик ба интихобот фаъолтар мешаванд. Аммо вай мегӯяд, пайвастани бештари шумори ҷавонон ва занон, ки аксар вақт, ба гуфтаи ӯ, шиори ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон аст, наметавонад роҳи ҳалли мушкили ин аҳзоб бошад: "Ба назараи ман, баъзе ҳизбҳоро на ҷавонон ва на занон наҷот дода наметавонанд. Ин қишри ҷомеа дар ҳоле ба ҳизбҳо нерӯ мебахшанд, ки ақидаҳои ҳизб тамоми мардумро фаро бигирад."


Бо ин ҳол, аксари масъулини аҳзоби сиёсиии Тоҷикистон мегӯянд, дар интихоботи соли ояндаи Маҷлиси Намояндагон номзадони ҷавонро пешбарӣ хоҳанд кард. Изҳороте, ки ба гуфтаи коршиносон, дар интихоботҳои қаблӣ дар Тоҷикистон ҳам садо дода буд, вале бидуни натиҷа. Ва ин навбат ҳам ин гурӯҳи коршиносон ба пешбарии номзадҳои ҷавон ва пирӯзии онҳо дар интихоботи наздики парлумонӣ боваи чандоне надоранд ва ин ҳамаро талоше дигар барои муаррифии хубъари ҳизбҳои сиёсӣ медонанд.
XS
SM
MD
LG